27 чархболу паҳподи артиши Покистон дар ҳамлаи Панҷшер: манбаъ аз Ситоди марказии артиши ИМА

Як манбаъ дар Ситоди марказии фармондеҳии артиши Амрико гуфтааст, ки дар ҳамлаи Толибон ба Панҷшер неруҳои вижаи Покистон ва ҳавопаймоҳову чархболҳояш мардумро бомбаборон кардаанд. Бенҷамин Ҳол, хабарнигори шабакаи телевизионии Фокснюз (Fox News)-и Амрико бо нақл аз як манбаъе аз Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико дар саҳфаи Твиттараш, ки артиши Покистон бо ҳамлаҳои паҳподӣ (ҳавопаймоҳои бесарнишин) […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Як манбаъ дар Ситоди марказии фармондеҳии артиши Амрико гуфтааст, ки дар ҳамлаи Толибон ба Панҷшер неруҳои вижаи Покистон ва ҳавопаймоҳову чархболҳояш мардумро бомбаборон кардаанд.

Бенҷамин Ҳол, хабарнигори шабакаи телевизионии Фокснюз (Fox News)-и Амрико бо нақл аз як манбаъе аз Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико дар саҳфаи Твиттараш, ки артиши Покистон бо ҳамлаҳои паҳподӣ (ҳавопаймоҳои бесарнишин) ва 27 чархболе, ки дар дохилашон нерӯҳои вижаи ин кишвар  буданд, ба Толибон дар Ҷабҳаи Панҷшер кӯмак мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз намояндаи Покистон гуфта буд, ки кишвараш дар ҳамла ба Панҷшер ҳеч дахолате накардааст. 

Рӯзи 6-уми сентябр Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер эълон кард, ки ҳамлаи шаби 5-ум ба 6-уми сетябри Толибон бар Панҷшер ҳамроҳ бо неруҳои вижаи Покистон ва ҳавопаймоҳову чархболҳои артиши ин кишвар буд.

Ҳамчунин Сайид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 6-уми сентябр гуфт, ки дахолати хориҷиро дар Панҷшер баррасӣ мекунад. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон низ рӯзи 7-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ, ҳузури ҳавопаймоҳову чархболҳои покистониро инкор кард. 

Муҷоҳид, имрӯз дар Твиттараш навиштааст, ки "дар масоили сиёсии Афғонистон ба ҳеч кишваре, аз ҷумла Покистон иҷозаи дахолат ва нақш нахоҳанд дод".

"Агар манзур ин аст, ки Покистон пушти ҷараёни Толибон аст, ин таблиғоти манфии 20-сола алайҳи мост ва онро бо ҷиддият рад мекунем. Толибон барои истиқлол, ҳувият ва озодӣ бо чиҳил кишвари дунё мубориза кард, бинобар ин чӣ тур мумкин аст як кишваре монанди Покистонро ба унвони раиси худ бипазирад",-суол гузоштааст Муҷоҳид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.