Варзишгари тоҷик дар муҳорибаи тан ба тан соҳиби Ҷоми ҷаҳон шуд

Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан (рукопашные бои) дар Маскав варзишгари тоҷик Камолиддин Боймирзоев ба дарёфти медалли тилло дар вазни то 60 кг шарафёб гардид. Ба ҷуз медалҳо, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба унвонҳои устоди шоистаи варзиш ё устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ соҳиб шуданд. Камолиддин Боймирзоев варзишгари ММА мебошад. Ӯ соли 2019 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан (рукопашные бои) дар Маскав варзишгари тоҷик Камолиддин Боймирзоев ба дарёфти медалли тилло дар вазни то 60 кг шарафёб гардид.

Ба ҷуз медалҳо, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба унвонҳои устоди шоистаи варзиш ё устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ соҳиб шуданд.

Камолиддин Боймирзоев варзишгари ММА мебошад. Ӯ соли 2019 ба иштирок дар мусобиқаҳо оғоз намуда, то ин дам се муҳориба гузаронидааст ва дар 1-тоаш ғолиб омадаву 2-тоашро бохтааст.

Дар мусобиқаҳои чунин промоушенҳо ба монанди ACA Young Eagles, CFC, Belgorod Absolute Fighting ширкат варзидааст.

Варзишгар ҳоло ба рейтинги байнулмилалии ММА дохил нашудааст, чунки барои шомил гардидан ба он, ӯро лозим аст, ки дар ММА ҳадди ақал боз ду муҳориба гузаронад.

Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан бори нахуст дар Русия баргузор шуд. Дар он беш аз 300 нафар варзишгарон аз 37 кишвар қувваозмоӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки Федератсияи байнулмилалии муҳорибаҳои тан ба тан имсол 15-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Имрӯз муҳорибаи тан ба тан ҳамчун навъи варзиш дар 40 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Айни замон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Федератсия он аст, ки муҳорибаи тан ба тан ба рӯйхати навъҳои варзиши олимпӣ шомил карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.