Фурудгоҳ аз корманде, ки худкушӣ кард, аз маош қарздор набудааст

Зафар Ҷалолов, корманди Хадамоти амнияти авиатсионии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 14 ноябр даст ба худкушӣ зад. Дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки фурудгоҳ аз пардохти музди меҳнат ба Зафар Ҷалолов қарздор набуд. “Дарвоқеъ рӯзи 14 ноябр ҷасади корманди фурудгоҳ Зафар Ҷалолов дарёфт шуд. Сабабҳои худкушӣ […]

Зафар Ҷалолов, корманди Хадамоти амнияти авиатсионии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 14 ноябр даст ба худкушӣ зад. Дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки фурудгоҳ аз пардохти музди меҳнат ба Зафар Ҷалолов қарздор набуд.

“Дарвоқеъ рӯзи 14 ноябр ҷасади корманди фурудгоҳ Зафар Ҷалолов дарёфт шуд. Сабабҳои худкушӣ маълум нестанд. Дар робита ба ин ҳодиса Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард”, – хабар доданд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.

Як манбаи дигари “Азия-Плюс” дар фурудгоҳ низ иброз дошт, ки Зафар Ҷалолов дар масъалаи молиявӣ бо фурудгоҳ ҳеҷ мушкиле надошт.

“Ӯ худро дар манораи сӯхторхомӯшкунӣ (пожарная вышка) овехтааст. То ҷое, ки ман огаҳам, ӯ бо раҳбарияти фурудгоҳ ҳеҷ мушкиле надошт ва маошашро саривақт мегирифт. Дирӯз ҳамёне бо худ дошт, ки дар он пули бисёр буд”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, Зафар Ҷалолови 29-сола зодаи ноҳияи Восеъ буда, ҷияни собиқ роҳбари Хадамоти амнияти авиатсионӣ полковник Шодибек Ҷалолзода мебошад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2020 корманди Хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шерафган Хоҷақулов бо истифода аз силоҳи хидматӣ худро кушта буд. Он замон пайвандону наздиконаш хабар дода буданд, ки ӯ ба нишони эътироз алайҳи пардохт нашудани музди меҳнат дар муддати 9 моҳ даст ба худкушӣ задааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.