“Истиқлол”-и Душанбе – қаҳрамони 10-каратаи Тоҷикистон

Дастаи футболи “Истиқол”-и пойтахт тими “Душанбе”-ро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб намуда, ду давр то анҷоми чемпионат бори 10-ум ба унвони қаҳрамони мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон соҳиб шуд. Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, пас аз бохт ба “Истиқлол” тими “Душанбе” дигар аз ҳамаи имкони боқӣ мондан дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат маҳрум ва онро […]

Asia-Plus

Дастаи футболи “Истиқол”-и пойтахт тими “Душанбе”-ро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб намуда, ду давр то анҷоми чемпионат бори 10-ум ба унвони қаҳрамони мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон соҳиб шуд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, пас аз бохт ба “Истиқлол” тими “Душанбе” дигар аз ҳамаи имкони боқӣ мондан дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат маҳрум ва онро тарк мекунад.

Зинаи дуюм ва медалҳои нуқраи чемпионатро тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки барои дарёфти ҷойи сеюм дастаҳои “Истаравшан” ва КМВА (ЦСКА) довталабӣ дошта, тақдири медалҳои биринҷии чемпионат дар бозии байни ин дастаҳо,ки 23 ноябр дар Истаравшан доир мегардад, ҳал мешавад.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и пойтахт солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 низ ба дарёфти унвони қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон ноил гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.