Шумораи воксинзадаҳо дар Тоҷикистон ба 4 млн наздик мешавад

Вазорати Тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шумораи аҳолии вокнсиншуда дар Тоҷикистон ба марзи 4 миллион наздик мешавад. Бино ба иттилои ин ниҳод то 10 декабр  дар ҳудуди Тоҷикистон 3 млн  222  ҳазору 924 нафар (55,3%) шаҳрвандони кишвар алайҳи коронавирус воксин зада шудаанд. Дафтари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дар як хабарнома гуфтааст, ки вояи дуюми воксинаро низ то […]

Вазорати Тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шумораи аҳолии вокнсиншуда дар Тоҷикистон ба марзи 4 миллион наздик мешавад.

Бино ба иттилои ин ниҳод то 10 декабр  дар ҳудуди Тоҷикистон 3 млн  222  ҳазору 924 нафар (55,3%) шаҳрвандони кишвар алайҳи коронавирус воксин зада шудаанд.

Дафтари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дар як хабарнома гуфтааст, ки вояи дуюми воксинаро низ то имрӯз 2 млн 677 ҳазору  138 (45,9%)  нафар задаанд.

Дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ бояд 5млн 826 ҳазору 301 нафар бо ваксина фаро гирифта шаванд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар Душанбе маъракаи воксинзанӣ комилан иҷро шудааст.

Вазорати тандурустӣ омори аҳолии воксиншуда дар минтақаҳои дигари кишварро ин гуна пешниҳод кардааст:

ВМКБ. Бояд дар маҷмуъ 164736  нафар воксин зада шавад, ки аз ин 111173 (вояи аввал) ва 108337 (вояи дувум)-ро аллакай задаанд. Дар Хоруғ тақрибан нақшаи воксинзанӣ 100% иҷро шудааст. 

Ноҳияҳои теби марказ. Бояд 1266775 нафар воксин бизананд. Вояи якумро 576337 (45,5%) ва вояи дуввумро 495631 (39,1%) нафар задаанд.

Вилояти Хатлон. Бояд дар маҷмуъ 2045724 нафар воксин зада шаванд, ки 1066432 (52,1%) нафар вояи якум ва 828709 (40,5%)  вояи дувумро гирифтаанд. 

Вилояти Суғд. Бояд дар маҷмуъ 1723160 нафар  воксин бизананд, ки вояи аввали ваксинаро 837376 (48,6%) ва дуввумро 618627 (35,9%)  нафар задаанд. 

Дар Тоҷикистон воксин задан барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Вазорат мегӯяд, ки ҳар касе, ки то кунун воксин назадааст, бояд ба табибони оилавии маҳали зисташон муроҷиат кунанд. 

Имрӯз дар Тоҷикистон барои воксин задани шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА). 

Дар ҳамин ҳол, давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.