Дар Душанбе консерт ва “салют”-и солинавӣ намешавад

Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе баргузории шоу-барномаи солинавиро дар майдони асосии пойтахти Тоҷикистон бо шумули мушакафканӣ (салют) дар нақша надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи шаҳрдории пойтахт Ҷамшед Олимов.

“Ба хотири пешгирии интиқолу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, эмин нигоҳ доштани солимии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо COVID-19 дар майдони асосии шаҳри Душанбе баргузории барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ нашудааст”, – иброз дошт вай.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, имсол ба баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар муассисаҳои томактабӣ иҷоза дода шуд. Дар кӯдакистонҳо чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Олимов ҳамчунин хабар дод, ки барои сокинони шаҳр ва меҳмонони пойтахт дар остонаи Соли нав дар як қатор бозорҳои бузург, аз ҷумла “Меҳргон”, “Саховат”, “Ховарон” ва назди боғи “Куруши Кабир” ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шудаанд. Ин ярмаркаҳо то 31 декабр кор карда, дар онҳо маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон дар муқоиса бо бозорҳо харидан мумкин аст.

Ба гуфтаи манбаъ, тамоми шаҳр ба пешвози Соли нави мелодии 2022 омода буда, кӯчаҳои марказӣ ва дигар хиёбону мавзеъҳои шаҳр бо арчаву дигар рамзҳои солинавӣ оро дода шудаанд.

Арчаи солинавии асосии кишвар дар майдони “Дӯстӣ” имсол 9 декабр қомат афрохт. Баландии арча 30 метр ва масоҳати гирду атрофи пояи он 16,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...