Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022 чӣ миқдор сӯзишвории имтиёзнок медиҳад?

Вазорати энергетикаи ин кишвар доир ба чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ бе боҷ гирифтани Тоҷикистон хабар дод. Русия соли оянда ба Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷ 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ медиҳад. Аз ҷумла Тоҷикистон ба таври имтиёзнок 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзившории диделӣ (солярка), 40 ҳазор тонна сӯзившвории авиатсионӣ, 30 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати энергетикаи ин кишвар доир ба чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ бе боҷ гирифтани Тоҷикистон хабар дод.

Русия соли оянда ба Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷ 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ медиҳад.

Аз ҷумла Тоҷикистон ба таври имтиёзнок 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзившории диделӣ (солярка), 40 ҳазор тонна сӯзившвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тоннна мазут, 40 ҳазор тонна битму, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна газми моеъ гирифта метавонад.

Тоҷикистон аз соли 2013 сӯзишвории зикршударо аз Русия метавонад бо тартиби имтиёзнок дастрас кунад.

Мувофиқи созишномаи имзошуда байни кишварҳо, ҷонибҳо ҳамасола ҳаҷми содиротро барои соли оянда мувофиқа мекунанд.

Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 360 млн доллар ҳудуди 554 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.

Ҳаҷми воридоти ин маҳсулот аз рӯи вазн ба миқдори 2,4% ва аз лиҳози нарх – 42% зиёд шудааст.

Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар арзиши умумии воридоти ҷумҳурӣ дар давраи зикршуда 9,7%-ро ташкил медиҳад.

Тақрибан 90% маҳсулоти нафтиро ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон аз корхонаҳои Русия (Корхонаҳои коркарди нафти Омск ва Орск) дастрас мекунанд. Аз соли 2013 Русия аз интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистон боҷи содиротии гумрукӣ намеситонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.