Президенти Қирғизистон ба даргириҳои марзӣ вокуниш кард: “вазъ комилан таҳти назорати ман аст”

Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон ба даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш кард ва дар саҳфаи расмии фейсбукияш навишт, ки вазъ комилан таҳти назорати ӯст. Ҷабборов бо хитоб ба мардуми Қирғизистон навиштааст, ки "вазъ дар марз комилан таҳти назорати ман аст. Худо кунад, ки ҳама чизро аз тариқи гуфтушунид, ба таври осоишта ҳал кунем. Нигарон набошед". Дар […]

Asia-Plus

Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон ба даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш кард ва дар саҳфаи расмии фейсбукияш навишт, ки вазъ комилан таҳти назорати ӯст.

Ҷабборов бо хитоб ба мардуми Қирғизистон навиштааст, ки "вазъ дар марз комилан таҳти назорати ман аст. Худо кунад, ки ҳама чизро аз тариқи гуфтушунид, ба таври осоишта ҳал кунем. Нигарон набошед".

Дар ҳоли ҳозир гуфтушуниди раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҳаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев дар нуқтаи марзии Кок-Сой бар сари мизи музокирот нишастаанд ва гуфта мешавад, ки музокирот беш аз ду соат аст, ки ҷараён дорад.

Шумори захмиҳо Тоҷикистон дар даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон то ин лаҳза ба 17 нафар расидааст. Аммо имкон дорад теъдоди онҳо бештар бошад, зеро бархе аз захмиёнро пизишкон дар худи деҳаи Хоҷаи Аъло кӯмак мекунанд. Дар ин бор аз бахши Ёрии аввалияи тиббии шаҳри Исфара  ба "Азия – Плюс" хабар доданд. 

То ин дам як шаҳрванди Тоҷикистон Обидҷон Туйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло аз шиллики гулӯла кушта шуд. Аз миёни захмиҳо ду нафар кормандони масъули ҳукумати Исфара, яке Некрӯз Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумат ва дигаре Искандар Маликӣ, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи шаҳрдори Исфара, мебошанд. Нафари аввали аз ноҳияи китф ва думуӣ аз пой тир хӯрдаанд.

Ҷониби Қирғизистон шумори захмиҳои ин даргириҳоро 7 нафар эълон кардааст. Пойгоҳи хабарии 24.kg ин хабарро бо такя ба Вазорати тандурустии Қирғизистон нашр кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз, 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар деҳаи Сомониён миёни марзбонони ду тараф даргирӣ сар зад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.