Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Итолиёро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 феврал ба сарвари давлати Ҷумҳурии Итолиё Серҷо Матарелла ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мансаби раисҷумҳури ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Серҷо Матарелла сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулияташ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Итолиё сулҳу амонӣ ва пешрафту […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 феврал ба сарвари давлати Ҷумҳурии Итолиё Серҷо Матарелла ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мансаби раисҷумҳури ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Серҷо Матарелла сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулияташ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Итолиё сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно шудааст.

“Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Итолиё изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди густаришу тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Зимнан изҳори омодагӣ шудааст, ки ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ин раванд дар сатҳҳои мухталиф, бахусус олӣ ва баланд кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ дода мешавад.

“Итминон дорам, ки робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт”, – таъкид мешавад дар барқия.

Серҷо Матарелла ба муҳлати дуюм президенти Итолиё интихоб шуд. Дар ҷараёни раъйдиҳии 8-ум дар парлумони Итолиё рӯзи 29 январ ӯ 759 овози вакилони парлумонро ба даст оварда, ҳаддии зарурии 505 овозро гузашт.

Тавре ки dw.com менависад, Матареллаи 80-сола, додраси собиқи Додгоҳи конститутсионии Итолиё чандин маротиба изҳори назар карда буд, ки ба муҳлати нави ҳафтсола номзадиашро гузоштанӣ нест. Аммо баъди бенатиҷа анҷом ёфтани ҳафт даври қаблии овоздиҳӣ, неруҳои пешрафтаи сиёсӣ ва роҳбарони минтақаҳо бо чунин дархост ба ӯ муроҷиат карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.