Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон: баргузории Олимпиада намунаи тавоноии Чин аст

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мусоҳибаи худ бо чанде аз расонаҳои чинӣ аз баргузории Бозиҳои Олимпии зимистона дар Пекин истиқбол намуда, гуфтааст, баргузории бозиҳо баёнгари дастовард ва намоиши нерӯи Чин аст. Дар мусоҳиба, ки матни комили онро дирӯз, 3 феврал Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон нашр кардааст, Эмомалӣ Раҳмон хотираҳои худро аз маросими ифтитоҳи Олимпиадаи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мусоҳибаи худ бо чанде аз расонаҳои чинӣ аз баргузории Бозиҳои Олимпии зимистона дар Пекин истиқбол намуда, гуфтааст, баргузории бозиҳо баёнгари дастовард ва намоиши нерӯи Чин аст.

Дар мусоҳиба, ки матни комили онро дирӯз, 3 феврал Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон нашр кардааст, Эмомалӣ Раҳмон хотираҳои худро аз маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин-2008 нақл карда, гуфтааст, онҳо дар ӯ таасуроти амиқ гузоштанд.

– Ҳар дафъа аз дигаргуниҳои тааҷҷубовари симои ин шаҳр, ки дар он иншооти муҳташами қадимӣ ва биноҳои осмонраси дорои услуби муосири меъморӣ ба ҳам омадаанд, ба ҳаяҷон меоям, – афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст ду кишвар дар 30-соли муносибатҳои дипломатӣ дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ ба нишондиҳандаҳои баланд расида, як қатор лоиҳаҳои муҳимми зерсохторӣ дар соҳаҳои стратегӣ, ба монанди нақлиёт, энергетика ва саноатро муштаракан ба татбиқ расонидаанд.

– Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки дар даҳсолаи чоруми фарорасидаи муносиботи байнидавлатӣ шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо Чин густариш бахшида, онро бо муҳтавои нав ва корҳои назарраси амалӣ дар ростои манфиатҳои мардумонамон ғанӣ гардонад, – афзудааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои шахсиашро бо  раисҷумҳурии Чин Си Ҷинпин тавсиф намуда, қайд кардааст, ки байни онҳо муносибатҳои дӯстона ва эътимоднок барқарор шудаанд.

– Мо ҳамеша ба таври шаффоф масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ, инчунин дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор медиҳем, -таъкид намудаст Эмомалӣ Раҳмон.

Тавсифи раисҷумҳури Тоҷикистон аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин дар ҳолест, ки роҳбарони бархе кишварҳо, аз ҷумла Австралия ва Амрико ин ҳамоишро бойкоти дипломатӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, сабаби бойкот нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар дар лагерҳои мусулмонон дар вилояти Шинҷон гуфта шудааст. Ба ин тартиб намояндагони расмии ин кишварҳо ба Пекин намераванд.

Ба фарқ аз онҳо Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 3 феврал барои ширкат дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Пекин сафар кард. Ин дар ҳолест, ки варзишгарони тоҷик ба ин бозиҳо роҳ наёфтанд. Мақомот гуфтанд, варзишгарони тоҷик натавонистанд, меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат иҷро кунанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин имрӯз, 4 феврали имсол оғоз шуда, то 20-уми феврал идома хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.