Милисаи Душанбе барои озори модар боз як нафарро ҳабс намуд

Милисаи шаҳри Душанбе боз як сокини пойтахтро ба хотири озори модараш барои 10 шабонарӯз ҳабс кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД-и Душанбе, аз ин нафар Парвиз Мусофирови 51-сола ном бурда мешавад.  Аз ин сокини Душанбе, бошандаи кӯчаи Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд  ном бурда мешавад, ки барои озори модар ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз сӯйи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Милисаи шаҳри Душанбе боз як сокини пойтахтро ба хотири озори модараш барои 10 шабонарӯз ҳабс кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД-и Душанбе, аз ин нафар Парвиз Мусофирови 51-сола ном бурда мешавад. 

Аз ин сокини Душанбе, бошандаи кӯчаи Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд  ном бурда мешавад, ки барои озори модар ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз сӯйи пулис дастгир карда шудааст.

«Номбурда санаи 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша ва нисбати онҳо суханони қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задаст»,- омадааст дар хабарномаи РАВКД-и Душанбе.

Додгоҳ Парвиз Мусофировро бар асоси моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷрим шинохта, ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабс кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.