Вазири дохила истифодаи силоҳ аз ҷониби “ОМОН” алайҳи эътирозгарони Хоруғро рад ё тасдиқ накард

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон истифодаи силоҳ аз сӯйи гурӯҳи “ОМОН”-и ниҳоди зери раҳбарияшро дар ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021-ро рад ё тасдиқ накард. Вазир аз рӯзноманигорон хост, дар робита ба истифодаи силоҳ аз сӯйи “ОМОН”  далелҳои мушаххас пешниҳод кунанд ё бигӯянд, ки дар ин бора аз куҷо фаҳмидаанд. Баҳси журналистон бо вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 2-юми феврал […]

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон истифодаи силоҳ аз сӯйи гурӯҳи “ОМОН”-и ниҳоди зери раҳбарияшро дар ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021-ро рад ё тасдиқ накард. Вазир аз рӯзноманигорон хост, дар робита ба истифодаи силоҳ аз сӯйи “ОМОН”  далелҳои мушаххас пешниҳод кунанд ё бигӯянд, ки дар ин бора аз куҷо фаҳмидаанд.

Баҳси журналистон бо вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотии ВКД рух дод.

Ҳарчанд рӯзноманигорон далел оварданд, ки фаъолони ВМКБ бо нашри як навори видеоӣ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ чунин иддаоро пеш оварданд, вале вазир ҳамоно пойфишорӣ мекард, ки аз як нафари мушаххас ном баранд.

– Кӣ арз кард, ҳамон номи арзкардаро гӯй, номашро гӯй. Дар кадом видео арз кардааст, ҳамон видеоро нишон деҳ. Марҳамат. Ин гап хато аст,- гуфт Рамазон Раҳимзода

Ҳамин тариқ, вазир гуфт, чунин иддаоҳоро гурӯҳи муташакили ҷиноятии ВМКБ тавассути бархе расонаҳо паҳн кардаанд, баръакс мардуми ВМКБ хоҳиш карданд, ки дидбонгоҳҳои назоратии дохили шаҳрро нагиранд ва кормандони онҳо истанд.

Ба қавли Раҳимзода, дидбонгоҳҳо ба хотири риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум гузошта шудаанд ва кормандони қудратӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо кор карда истодаанд.

Ба иттилои вазир, соли 2021 аз мардуми Бадахшон 367 силоҳ мусодира шудааст ва ҳар рӯз 3-4 ронанда ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст мезанад.

– Соли 2021 аз ҷониби кормандони дидбонгоҳҳо беш аз 1000 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуд. Агар дидбонгоҳҳо набошанд, кӣ роҳи бедодгариро мегирад? Худи мардум хоҳиш намуд ки дидбонгоҳҳоро нагирем, ман онҷо будам, – гуфт Раҳимзода.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои серӯза дар Хоруғ замоне сар зад, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти мақомот як сокини ноҳияи Ролштқалъа Гулбиддин Зиёбеков кушта шуд. Баъди ин, аҳолӣ ҷасади ӯро ба назди бинои ҳукумати вилоят оварда, аз 25 то 28 ноябри соли 2021 даст ба тазоҳурот заданд ва танҳо баъди ваъдаи мақомот дар мавриди тафтишоти мунсифонаи қазия  майдонро тарк карданд. Дар натиҷаи амалиёти мақомот ва эътирозҳо се нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд ва чандин нафар захмӣ шуданд, аз ҷумла панҷ корманди мақомот.

Мақомот Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Тафсилоти бештари ҳодисаро қадам ба қадам дар сюжети мо “Эътироз дар Хоруғ” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.