Сардори ШВКД Ҷайҳун ба пешонии кӣ силоҳ монда буд: раиси суд ё сардухтур? Гардишҳои нави қазия

Моҷарои шаби 31 декабри соли 2021 байни сардори ШВКД ноҳияи Ҷайҳун ва раиси Суди ин ноҳия рух додааст. Дар ин бора Валӣ Воҳидов муовини прокурори вилояти Хатлон, рӯзи 3 феврал зимни нишасти матбуотии додситони вилоят хабар дод. Қаблан гуфта мешуд, ки ин моҷаро миёни сардори ШВКД ва сардухтури ноҳия сар задааст ва сардори шуъбаи милиса ба пешонии сардухтур силоҳ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Моҷарои шаби 31 декабри соли 2021 байни сардори ШВКД ноҳияи Ҷайҳун ва раиси Суди ин ноҳия рух додааст. Дар ин бора Валӣ Воҳидов муовини прокурори вилояти Хатлон, рӯзи 3 феврал зимни нишасти матбуотии додситони вилоят хабар дод.

Қаблан гуфта мешуд, ки ин моҷаро миёни сардори ШВКД ва сардухтури ноҳия сар задааст ва сардори шуъбаи милиса ба пешонии сардухтур силоҳ гузоштааст.

“Моҷаро шаби 31 декабри соли 2021 байни сардори ШВКД Қурбоналӣ Пӯлод ва раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун Муҳиддинзода сар задааст. Мо ҳодисаро таҳқиқ кардем ва ҳамаи маводро барои чораҷӯйӣ ба ВКД фиристодем. Натиҷаашро ба фикрам Шумо медонед, ки сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Пулод аз вазифааш озод карда шуд”,- гуфт муовини додситони вилоят.

Ба суоли он ки оё вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ё не, муовини додситон кутоҳ гуфт “парвандаро аз ВКД пурсед”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки ин муноқиша байни сардори ШВКД дар ноҳияи  Ҷайҳун ва сардухтури Беморхонаи марказии ин ноҳия сарзада аст.

Додситони вилояти Хатлон ба таҳқиқи моҷарои байни сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун ва сардухтури беморхонаи марказии ин ноҳия, шуруъ кардааст, навишта буд он замон Радиои “Озодӣ”

“Озодӣ” 5 январ бо такя ба манъбааш дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ навишта буд, ки шаби 31 декабр соли 2021 моҷаро байни сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Барфи ва сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Ҳомидҷон Абдулҳамидзода сар задааст ва Қурбоналӣ Пӯлод дар пешонаи сардухтур тапончаи хизматияшро монда ва баъдан ду тир ба ҳаво задааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 3 январи соли 2022 Қурбоналӣ Пӯлодро аз вазифа озод карда  ва Исроил Ғоибзодаро иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун таъин шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.