Нуриддин Сайид: “мо на ҳар иттилоъ дар бораи ҳаводиси марзиро нашр мекунем”. ТАКМИЛШУДА

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 8-уми феврал, интиқодҳо дар мавриди пӯшиш надодани ҳаводиси марзиро рад кард, ва гуфт, ки "мо на ҳар иттилоъро нашр мекунем". Мо изҳороти раиси Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимовро ба забонҳои тоҷикиву русиву англисӣ тарҷума ва нашр кардем,-гуфт Нуриддин Саид. […]

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 8-уми феврал, интиқодҳо дар мавриди пӯшиш надодани ҳаводиси марзиро рад кард, ва гуфт, ки "мо на ҳар иттилоъро нашр мекунем".

Мо изҳороти раиси Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимовро ба забонҳои тоҷикиву русиву англисӣ тарҷума ва нашр кардем,-гуфт Нуриддин Саид.

Аммо раиси Кумита аз вуҷуди барномаҳои дигар ё нашри хабару гузоришҳои дигаре хабар надод.

"Кумитаи мо татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилот аст. Ҳама гуна иттилооте, ки хилофи истиқлоли давлатии мо аст, хилофи амну суботи давлати мо аст, хилофи ташаккулёбии миллати мо аст, худшиносии мили мо аст, ифтихори  ватандории мо аст, шаъну шарафи шаҳрвандии мо аст, мо аз пахши чунин иттилоот тамоман худдорӣ кардем, мекунем ва дар оняда низ мекунем”, – изҳори назар кард Нуриддин Саид.

“Мо на ҳар иттилоъро нашр мекунем” гуфтани раиси Кумитаи телевизион ва радио дар ҳолест, ки коршиносони соҳаи ВАО заиф будани раоснаҳои Тоҷикистонро дар пушиши иттилоотӣ даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ишора мекунанд.

Онҳо мегӯянд, дар чунин ҳолатҳо танҳо як ё ду расонаи мустақилу байналмилалӣ кӯшиш мекунанд ҳаводисро пушиш диҳанд, вале талевизионҳои давлатӣ дар робита ба даргирҳо хабару иттилоъе нашр намекунанд, танҳо бо нашри изҳороти расмӣ иктифо менамоянд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.