Муовини сарвазири Русия: “Муҳоҷир 50% зиёдтар кор карда, 30% камтар ҳақмузд мегирад”

Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин афзалияти муҳоҷирони кориро нисбат ба шаҳрвандони Русия шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, онҳо бештар кор кардаву лекин камтар ҳақмузд мегиранд. Бо вуҷуди ин, бо назардошти таҳияи қонунгузории шадид ӯ хостори дар ин замина истифода аз бинокорони хориҷӣ дар сохтмонҳои Русия шудааст. Вай дар ин бора рӯзи чоршанбе дар Думаи давлатӣ […]

Asia-Plus

Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин афзалияти муҳоҷирони кориро нисбат ба шаҳрвандони Русия шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо бештар кор кардаву лекин камтар ҳақмузд мегиранд. Бо вуҷуди ин, бо назардошти таҳияи қонунгузории шадид ӯ хостори дар ин замина истифода аз бинокорони хориҷӣ дар сохтмонҳои Русия шудааст. Вай дар ин бора рӯзи чоршанбе дар Думаи давлатӣ иҳзори назар кардааст, хабар медиҳад РБК.

“Ман муҳоҷирати мутамаддин ва муташаккилонаро таҳти назорати ҷиддӣ дар назар дорам. Биёед қонунгузориро сангинтар мекунем, то худро аз ҳама паҳлӯҳои манфии марбут ба муҳоҷират ҳифз кунем. Ин мавзӯъ омӯзиши зиёдеро тақозо карда, хеле гуногунҷабҳа аст”, – изҳор доштааст Ҳуснуллин.

Номбурда гуфтааст, дар оянда захираҳои меҳнатиро барои чанд сол муайян кардан лозим аст, аз қабили бозгашти ҳамватанон аз хориҷаву бозомӯзӣ ва қувваи кории арзон.

“Росташро гӯем, муҳоҷир нисбат ба шаҳрванди Русия 50% зиёдтар кор карда, 30% камтар ҳақмузд мегирад. Биёед қароре қабул кунему бе муҳоҷирон кор кунем, пас мебояд маоши миёнаи бинокоронро ба ҳисоби миёнаи кишвар баробар кард, ҳосилнокии меҳнатро баланд мебардорем, ки ин ҳама маблағгузории доимист. Чӣ тавре ки қарор қабул мекунем, ҳамин гуна хоҳад буд”, – гуфтааст ӯ зимни муроҷиат ба вакилон.

Муовини сарвазир изҳор доштааст, ки агар дар бораи кор кардан бе муҳоҷирон тасмим гирифта шавад, пас чӣ гуна аз уҳдаи кор баромаданро ҳам фикр кардан зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ муътақид аст, ки даст кашидан аз қувваи кории арзон ба арзиши молу маҳсулот ва хизматгузориҳо беасар намемонад.

Қаблан Ҳуснуллин зикр карда буд, ки норасоии муҳоҷирон дар Русия яке аз сабабҳои аслии болоравии нарх ба манзил дар кишвар аст.

Мувофиқи арзёбии иттиҳодияи соҳавии НОНСТРОЙ, соҳаи сохтмони Русия ба 1,5-2 млн нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ ниёз дорад.

Соли гузашта директори Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия Александр Калашников пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон корӣ дар Русия ба маҳбусони зиндонҳои ин кишвар иваз карда шаванд. Аз ин пешниҳод Ҳуснуллин ҷонибдорӣ карда буд.

Ӯ зикр карда буд, ки чунин таҷриба дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) низ роиҷ буд.

“Ҳукумати Русия то соли 2024 ҷалб кардани ҳудуди 5 млн нафар муҳоҷирони кориро дар нақша дорад”, – иброз дошта буд муовини сарвазир.

Ӯ хотиррасон намуда буд, ки чунин мавқеъи ӯ дар мавриди ҷалби муҳоҷирони кориро зарурат тақозо мекунад ва ба вакилон ишора кард, ки ҳар як қарори онҳо пайомадҳои иқтисодӣ дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.