Рӯзи 23 феврал дар Душанбе гузашти низомӣ баргузор намешавад

Дар Душанбе ба муносибати рӯзи 23 феврал баргузории гузашти ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ” ба нақша гирифта нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ. Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар ин рӯз дар “Кохи Ваҳдат” бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон консерти идона доир мегардад. Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар пойтахт ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе ба муносибати рӯзи 23 феврал баргузории гузашти ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ” ба нақша гирифта нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар ин рӯз дар “Кохи Ваҳдат” бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон консерти идона доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар пойтахт ба муносибати ин ҷашн чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аз 17 то 22 феврал дар Филармонияи давлатӣ Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” ҷараён дорад.

Фестивал ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардида, бо ин мақсад аз буҷети шаҳр 105,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд. 23 феврал дар Тоҷикистон рӯзи корӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.