Раиси як корхонаи беҳдоштии нақлиётӣ дар Суғд ба сирқати 2,5 млн сомонӣ муттаҳам мешавад

Додситони вилояти Суғд алайҳи директори генералии корхонаи давлатии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷурми аз худ кардан ё исрофкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба иттилои мақомот, Ҳайдар Эшонқулов директори ин корхона бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 2,5 миллион сомонӣ маблағи корхонаро тасарруф кардааст. Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд 17-уми феврал зимни нишасти […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додситони вилояти Суғд алайҳи директори генералии корхонаи давлатии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷурми аз худ кардан ё исрофкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои мақомот, Ҳайдар Эшонқулов директори ин корхона бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 2,5 миллион сомонӣ маблағи корхонаро тасарруф кардааст.

Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай гуфт, Эшонқулов тибқи маслиҳати пешакӣ бо дигар масъулони корхона солҳои 2017-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ даст ба ҷиноят задааст.

“Кориҷрокунандагон корҳои тозакунӣ, безараргардониро воқеъан иҷро накарда бошанд ҳам, дар ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ онҳоро ҳамчун иҷрошуда нишон дода, маблағи пулии корхонаро дар маҷмӯъ дар панҷ ҳолат воситаҳои асосӣ ва гардони корхонаи мазкурро ба маблағи 2,5 млн сомонӣ тасарруф намудааст”,-гуфт додситони Суғд.

Алайҳи ин мансабдори давлатӣ ва масъулони дигари дахил дар ин қазия мақомоти додситонӣ соли гузашта бар асоси моддаҳои 245 қисми 4 барнди “б”, 295 қисми 1 ва 323-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, ба додгоҳ ирсол кардааст.  

Додситонии Суғд, соли гузашта дар натиҷаи санҷиши буҷаи ва бахши молия, хариди давлатии мол ва хизматрасониҳо 102 ҷиноятро ошкор кардааст, ки 90-тои он ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.