Даргузашти профессор Тағойбобо Шукурзод ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Бохтар

Тағойбобо Шукрзод (Шукуров) ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Бохтар субҳи имрӯз, дар синни 68-солагӣ, бар асари  беморие, ки дошт дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони ӯ хабар медиҳанд.  Тағойбобо Шукурзод  8 рӯз пеш ба  синни 68-солагӣ расида буд. Ӯ 10-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеъ хатм карда, […]

Asia-Plus

Тағойбобо Шукрзод (Шукуров) ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Бохтар субҳи имрӯз, дар синни 68-солагӣ, бар асари  беморие, ки дошт дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони ӯ хабар медиҳанд. 

Тағойбобо Шукурзод  8 рӯз пеш ба  синни 68-солагӣ расида буд. Ӯ 10-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеъ хатм карда, форуғуттаҳсили риштаи физикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд. 

Корро ба унвони муаллим аз мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Панҷу Восеъ оғоз карда, баъдан дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кор пардохтааст. 

Солҳои 1986-1988 аспиранти кафедраи усули таълими физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Ҷумҳурии Укроин буда, моҳи апрели соли 1991 дар ҳамин донишкада рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ, дар Донишгоҳи Кӯлоб мудири кафедра таъин мешавад.

Солҳои 1994-2000 декании факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буд. Солҳои 2000-2003 корманди масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон буд. 

Соли 2003 рисолаи доктории худро  дифоъ мекунад ва ҳамин сол ректори Донишгоҳи гуманитарии байналмилалии Тоҷикистон таъин мешавад.  Соли 2004 ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар таъин мешавад, ки то соли 2012 дар ин симат кор мекунанд. 

Тағойбобо Шукурзод муаллифи китоби дарсии «Физика» барои синфи 10 ва китобу дастуру мақолаҳои илмии зиёде буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.