Шаҳрдории Душанбе ва Smart City Dushanbe аввалин IT Park-ро дар кишвар бунёд мекунанд

Шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” тасмим гирифтаанд, ки аввалин Парки технологияҳои иттилоотӣ (IT Park)-ро дар ҷумҳурӣ бунёд кунанд. “IT парк дар Душанбе аввалин синтези ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд”, – зикр мегардад дар сомонаи КВД “Шаҳри ҳушманд”. Гуфта мешавад, дар ҳамаи кишварҳои рушдёфта паркҳои технологӣ ҳамчун элементи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” тасмим гирифтаанд, ки аввалин Парки технологияҳои иттилоотӣ (IT Park)-ро дар ҷумҳурӣ бунёд кунанд.

“IT парк дар Душанбе аввалин синтези ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд”, – зикр мегардад дар сомонаи КВД “Шаҳри ҳушманд”.

Гуфта мешавад, дар ҳамаи кишварҳои рушдёфта паркҳои технологӣ ҳамчун элементи калидии инфрасохтори иқтисодиёти муосири инноватсионӣ хизмат мекунанд.

“Паркҳои технологӣ шакли муосири ҳамгироии илм ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо мақсади вусъат бахшидани тадқиқот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ тавассути фаъолияти мутахассисони ташаббускор, доираҳои академикӣ, истифодаи васеи базаи истеҳсолӣ, таҷрибавӣ ва иттилоотӣ созмон дода мешавад, – омадааст дар хабар сомона. – Ба истилоҳи дигар, паркҳои технологӣ маконест, ки мутахасссисони болаёқат идеяҳои худро ба кори амалӣ табдил медиҳанд”.

Зикр мегардад, ки таъсиси паркҳои технологӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ метавонанд дар ояндаи наздик дар ҳалли чунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба кишвар сармояи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад, мусоидати амиқ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи бунёди аввалин парки технологӣ дар соҳаи иттилооту коммуникатсия дар Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дода буд.

Дар кишварҳои минтақа вазъ дар ин соҳа чӣ гуна аст?

Бунёди парки технологӣ дар Тоҷикистон қариб як сол боз дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай амал мекунад ва дар чанде аз онҳо муддати зиёде.

Аввалин IT Park дар Қазоқистон ҳанӯз соли 2008 таъсис дода шуд. Баъдан дар дигар минтақаҳо низ чунин паркҳо сохта шуда, ҳозир дар ин кишвар як низоми мукаммал дар ин соҳа фаъолият дорад.

Дар Қирғизистон Парки технологияҳои баланд бо реҷаи махсуси ҳуқуқӣ ва имтиёзнок соли 2015 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар Турманистон чунин парк («Туркмен ИТ Парк») соли 2018 ва дар Ӯзбекистон (IT Park) соли 2019 боз шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.