Вазорати нақлиёт интизори “розигӣ”-и Қирғизистон ба сохтмони роҳи Ворух аст

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба оғози сохтмони роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло – Ворух пас аз мувофиқаи ин масъала бо ҳукумати Қирғизистон омода аст. “Бо дастури комиссияи байниҳукуматӣ мо дар ҳама гуна вақт ба баргузории корҳои топографӣ ва сохтмон омодаем”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 феврал вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим. Ӯ зикр кард, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба оғози сохтмони роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло – Ворух пас аз мувофиқаи ин масъала бо ҳукумати Қирғизистон омода аст.

“Бо дастури комиссияи байниҳукуматӣ мо дар ҳама гуна вақт ба баргузории корҳои топографӣ ва сохтмон омодаем”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 феврал вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Ӯ зикр кард, ки намояндагони вазорат дар гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар дар ин бора иштирок карда, дар бораи сохтмони роҳи мазкур тавофуқ ҳосил шуда буд, лекин баъдан ин корҳо мавқуф гузошта шуданд.

Ин ҷо сари протоколи рӯзи 1 майи соли гузашта имзошудаи №39 сухан меравад, ки дар он гуфта мешавад, роҳи Хоҷаи Аъло – Ворухро ҳар ду ҷониб месозанд.

Он замон ҳайати ҳукуматҳо ба мувофиқа расида буданд, ки то анҷоми корҳои таъйину аломатгузории марз барои ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон онро истифода ва нигоҳдорӣ мекунад.

Аммо бо гузашти қариб 10 моҳ ҷонибҳо ҳатто ба корҳои пешакии сохтмони роҳ оғоз накардаанд, ки яке аз сабабҳои аслии рӯйдодҳои хунини рӯзҳои 27-28 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дониста мешавад.

Мутобиқи протокол, ҷонибҳо роҳро бояд якҷоя созанд, лекин ҳукумати Қирғизистон бар хилофи қарордоди имзошуда исрор меварзад, ки роҳро худаш бунёд мекунад.

Ҷониби Қирғизистон инро чунин шарҳ медиҳад, ки аҳолии маҳаллӣ мухолифи сохтмони ин роҳ аст, зеро он вилояти Боткандро ба ду қисмат ҷудо мекунад.

“Ман дар ин бора ошкоро гап мезанам. Онҳо дархост мекунанд, ки сохтмони роҳи Ворух оғоз шавад. Мо роҳро баста наметавонем, он ҷо 40 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Роҳ тариқи Капчигай мегузарад. Лекин роҳро худамон месозем ва барои ин маблағ ҳам дорем”, – изҳор дошта буд охири моҳи январ ба хабаргузории 24.kg раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев.

Бино ба маълумоти ӯ, Қирғизистон ҳам шартҳои худро гузоштааст.

“Роҳи мошингард ба Ворух медиҳем, лекин ҳамзамон мо бояд корҳои таъйину аломатгузориро дар ҳамаи хати сарҳад ба анҷом расонем”, – илова карда буд раиси КДАМ -и кишвари ҳамсоя.

Аз масофаи умумии 976 километр сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо 504 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.