Дар Самарқанд нахустин маҷаллаи адабии тоҷикии “Дурдонаи Шарқ” ба нашр расид

Дирӯз, 3 март дар шаҳри Самарқанд рӯнамоии  нахустин маҷаллаи адабии тоҷикӣ бо номи "Дурдонаи Шарқ", ки дар он намунаҳои эҷоди шоиру нависандагони тоҷикзабони Ўзбекистон, мақолаҳои илмӣ, намунаҳо аз эҷоди шоирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тарҷумаҳои эҷодкорон аз адабиёти ӯзбеку ҷаҳон гирдоварӣ шудааст, баргузор гардид. Тавре сомонаи рӯзномаи "Овози Самарқанд" хабар медиҳад, тасмими нашри маҷаллаи адабӣ ҳанӯз […]

Дирӯз, 3 март дар шаҳри Самарқанд рӯнамоии  нахустин маҷаллаи адабии тоҷикӣ бо номи "Дурдонаи Шарқ", ки дар он намунаҳои эҷоди шоиру нависандагони тоҷикзабони Ўзбекистон, мақолаҳои илмӣ, намунаҳо аз эҷоди шоирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тарҷумаҳои эҷодкорон аз адабиёти ӯзбеку ҷаҳон гирдоварӣ шудааст, баргузор гардид.

Тавре сомонаи рӯзномаи "Овози Самарқанд" хабар медиҳад, тасмими нашри маҷаллаи адабӣ ҳанӯз моҳи августи соли 2021 дар нахустин ҷаласаи бахши тоҷикии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон рӯйи даст гирифта шуда буд.

Гуфта мешавад, ки дар маҷалла намунаҳои эҷоди шоиру нависандагони тоҷикзабониӮзбекистон, мақолаҳои илмӣ, намунаҳо аз эҷоди шоирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тарҷимаҳои эҷодкорон аз адабиёти ӯзбеку ҷаҳон гирдоварӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шуъбаи вилоятии Итттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бахши тоҷикӣ ташкил шуд

– Минбаъд бахши тоҷикии шӯъбаи вилоятии иттифоқ на танҳо минбари шоиру нависандагони Самарқанд, балки мактаби маҳорати эҷодкорони навқалам ва навқадам хоҳад шуд. Боварӣ дорем, ки эҷодкорони собиқадори мо дар ин бобат фаъолӣ нишон дода, анъанаи “устоду шогирд”-ро давом медиҳанд ва ба ҷавононе, ки акнун вориди шоҳроҳи адабиёт мегарданд, роҳнамоӣ мекунанд ва баҳри такмили маҳорати эҷодии онҳо саҳм мегузоранд, – гуфта буд сарвари бахши тоҷикӣ, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва мутарҷим Асадуллоҳ Шукуров.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки дар назди бахш ташкили зершӯъбаҳои наср, назм, нақд, тарҷумонӣ ва сухандонӣ, таъсиси матбааи тобеи бахши тоҷикӣ, ба роҳ мондани чопи маҷаллаи адабии эҷодкорони тоҷикзабони Самарқанд, мунтазам гузаронидани вохӯриҳои адабӣ, мушоираҳо, кашфи истеъдодҳои ҷавон аз байни донишомӯзони мактабҳои ҳамагонӣ ва ғайра мувофиқи мақсад мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.