Ӯзбекистон ҳамаи маҳдудиятҳои заминияш дар марз бо Тоҷикистонро бекор кард

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон рӯзи 15 март қарори наверо дар матбуот нашр кард, хабар медиҳад kun.uz. Гуфта мешавад, он бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор намудани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар мавриди боздиди сайёҳон қабул шудааст. Ба ин тариқ, мувофиқи қарор, аз 16 март бо доштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан аз сирояти коронавирус, ба вуруди […]

Asia-Plus

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон рӯзи 15 март қарори наверо дар матбуот нашр кард, хабар медиҳад kun.uz. Гуфта мешавад, он бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор намудани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар мавриди боздиди сайёҳон қабул шудааст.

Ба ин тариқ, мувофиқи қарор, аз 16 март бо доштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан аз сирояти коронавирус, ба вуруди ҳамаи шахсон ба Ӯзбекистон бидуни ПСР-тест иҷоза дода мешавад.

Аммо дар сурати надоштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан, шахси воридшаванда бояд натиҷаҳои манфии ПСР-тест (бо QR-коди электронӣ)-ро бо худ дошта бошад, ки на зиёдтар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст ё зимни вуруд ба қаламрави Ӯзбекистон экспресс-тест месупорад.

Ғайр аз ин, тамоми маҳдудиятҳои муваққатӣ барои равуои ҳамаи шахсон тариқи гузаргоҳҳои заминӣ дар сарҳади Ӯзбекистон бо Тоҷикистон бекор карда мешаванд.

Дар мавриди барқарор намудани кори ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзи муштарак тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Ҳамчунин фаъолияти низоми додани раводид (виза)-и электронӣ (e-visa) барои шаҳрвандони хориҷӣ барқарор карда мешавад.

Дар санад гуфта мешавад, фаъолияти хати боэътимоди алоқаи ВКХ – сall-марказ (маркази хидматрасонӣ) оид ба хидматрасонии босифати сайёҳони хориҷӣ таъмин карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.