Ҷузъиёти сӯхтори Хуҷанд: “зарари калони молӣ расонид”

Бар асари сӯхтори бинои баландошёнаи иқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, касе аз бошашандагон осеб набардоштаанд, аммо зиёни калонӣ молӣ дидаанд. Раёсати оташнишонии Суғд ҳодисаро расман шарҳ намедиҳад, вале чанд тан аз кормандони ин ниҳод мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд сӯхтор бар асари таҷҳизоти барқии яке аз ҳуҷраҳо сар задааст. Манобеъи “Азия-Плюс” дар Идораи оташнишонии Суғд, ки дар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бар асари сӯхтори бинои баландошёнаи иқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, касе аз бошашандагон осеб набардоштаанд, аммо зиёни калонӣ молӣ дидаанд. Раёсати оташнишонии Суғд ҳодисаро расман шарҳ намедиҳад, вале чанд тан аз кормандони ин ниҳод мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд сӯхтор бар асари таҷҳизоти барқии яке аз ҳуҷраҳо сар задааст.

Манобеъи “Азия-Плюс” дар Идораи оташнишонии Суғд, ки дар ҷараёни хомӯш кардани оташсӯзӣ ширкат карданд, мегӯянд, сӯхтор дар бинои 10 “а” сар зад, ки ин бинои бистёртабақа буда ҳудуди 50 ҳуҷра дошт.

Манбаъ гуфт, ин бино аз 6 қабат иборат буда таҳхонаву болопӯш (мансард) низ дошт ва сӯхтор дар яке аз ҳуҷраҳои қабати 6-уми бино сар зада ба 8 ҳуҷраи дигар доман паҳн кардааст. Оташнишонон масоҳати сӯхторро тахмин 350 метри мураббаро ҳисоб кардаанд.     

“Бино ба тахмини ман соҳиби як ҳуҷра таҷҳизоти барқии гармидиҳиро дар ҳолати фаъол дар хонааш гузошта хомӯш кардани онро фаромӯш мекунаду аз хона бурун меравад. Сӯхтор аз як ҳуҷра сар мезанад ба болопӯши бино, ки бо гипсокартон оро ёфта буд зуд оташ гирифта ба ҳуҷраҳои дигар доман паҳн мекунад. Оташсӯзӣ асосан дар қабати 6-уми бинои истиқоматӣ сар зада аз се даромадгоҳ ҳуҷраҳо сӯхтанд”.-гуфт, манбаъ, ки нахост аз ӯ ном барем.

Ба иттилои манбаъ, касе аз сокинон дар ин оташсӯзӣ осеб надидаанд, вале 10 миллион сомонии мардумро аз коми сӯхтор наҷот додаанд. Ӯ гуфт, мардумро зуд аз ҳуҷраҳо берун бароварданд ва ҷараёни хомӯш кардани алангаи сӯхтор ҳудуди ду соат тӯл кашид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.