Куштигирӣ, консертҳо, пойгаи аспдавонӣ. Дар саросари Тоҷикистон Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиранд?

Чорабиниҳои идона дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз имсол дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон баргузор шуда, иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар онҳо дар назар аст. Хатлон ба пешвози меҳмонон омодагӣ мегирад Чорабинии асосии ҷашнӣ дар варзишгоҳи нав доир мегардад, ки он бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои 15 ҳазор нафар тамошобинон пешбинӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Чорабиниҳои идона дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз имсол дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон баргузор шуда, иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар онҳо дар назар аст.

Хатлон ба пешвози меҳмонон омодагӣ мегирад

Чорабинии асосии ҷашнӣ дар варзишгоҳи нав доир мегардад, ки он бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои 15 ҳазор нафар тамошобинон пешбинӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон.

Дар намоишномаи театришуда 15 ҳазор нафар иштирок мекунанд.

Дар вилояти Хатлон аз аввали моҳи март инҷониб чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз ҷараён доранд. Муддати чанд рӯз мешавад, ки дар вилоят сайругаштҳо (экскурсияҳо)-и наврасону ҷавонон ба иншооти дорои арзиши таърихиву фарҳангии Хатлон, аз ҷумла мавзеи “Тахти сангин” дар ноҳияи Қубодиён баргузор мешаванд.

Озмуни вилоятии “Маликаи Наврӯз” ҷамъбаст шуда, ғолиби он дар чорабиниҳои Наврӯз иштирок мекунад.

Рӯзи 21 март дар майдони “Наврӯзгоҳ” дар маркази ноҳияи Балхӣ озмуни маснуоти нонӣ ва рамзи Наврӯз – “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” барпо мешавад.

Худи ҳамин рӯз дар ин ҷо мусобиқаҳои куштииини миллӣ (гӯштингирӣ), бузкашӣ ва пойгаи аспдавонӣ баргузор мешаванд.

Аз 22 то 28 март чунин чорабиниву мусобиқаҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят доир гардида, дар боғҳо консерту сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд.

Консертҳо дар вилояти Суғд

Чорабинии идона ба ифтихори Наврӯз дар сатҳи вилоят рӯзи 20 март дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Он дар “Кохи Рӯдакӣ” баргузор шуда, дар барномаи фарҳангӣ сарояндагони маъруф ва дастаҳои рақсии минтақа иштирок мекунанд. Дар ҳамин ҷо намоишгоҳ низ барпо мешавад.

Рӯзи 21 март дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” дар шаҳри Хуҷанд низ барномаи консертӣ намоиш дода мешавад.

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд сайругаштҳои оммавӣ ва мусобиқаҳои куштигирӣ дар назар аст.

Рӯзи 22 март дар ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соати 9:00 мусобиқаи бузкашӣ оғоз мегардад, ки дар он намояндагони ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат хоҳанд варзид.

Ёдрас мекунем, ки чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз дар пойтахт рӯзҳои 21,22,23 ва 24 март дар чор ноҳияи шаҳр баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.