Мунтахаби футболи Тоҷикистонро ба Ҷоми Осиё мураббии “Хатлон” омода мекунад

Бо сабаби вазъи саломатии сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев, ки ҳоло дар Эрон дар табобат қарор дорад, сармураббии дастаи «Хатлон»-и Бохтар Аслиддин Ҳабибуллоев дастаро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 омода мекунад. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қаблан Ҳабибуллоев ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо дар тими миллии кишвар фаъолият мекард. Гуфта мешавад, ба […]

Asia-Plus

Бо сабаби вазъи саломатии сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев, ки ҳоло дар Эрон дар табобат қарор дорад, сармураббии дастаи «Хатлон»-и Бохтар Аслиддин Ҳабибуллоев дастаро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 омода мекунад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қаблан Ҳабибуллоев ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо дар тими миллии кишвар фаъолият мекард.

Гуфта мешавад, ба ситоди иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов ва Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббии таҳлилгар Фаррух Марофиев шомил шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба ҷамъомади дуҳафтаинаи тамриниву омӯзишӣ дар Дубай оғоз намуд, ки ба омодашавии даста ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек равона гардидааст.

Дар машқи аввал дар Дубай футболбозони даста вазъи солимии худро барқарор намуданд. Ҳозир дар ҳайати даста аз 26 нафари даъватшуда 15 нафар бозигарон ҳузур доранд.

Легионерҳо ё худ футболбозоне, ки дар хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, тадриҷан ба мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай ҳамроҳ мешаванд, зеро чемпионати кишварҳои ҳузурдоштаи онҳо идома дорад.

Пас аз анҷоми ҷамъомади тамриниву омӯзишӣ мунтахаби Тоҷикистон ба Бишкек раҳсипор мешавад ва дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё дар гуруҳи “F” дар ин ҷо се бозӣ мегузаронад.

Футболбозони тоҷик рӯзи 8 июн бо мунтахаби Мянма, 11 июн – бо тими Сингапур ва 14 июн бо соҳибони майдон – дастаи Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.