Беш аз 1 млн сомонӣ: зарари борону жолаву сел ба Ашт

Ҳукумати Ашт зарари расида аз жолаву борони шадид ва селфароии рӯзи 30-юми май дар ин ноҳияро беш аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Ашт яке аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ дар шимолии Тоҷикистон аст, ки ҳамасола аз боришоту селфароӣ аҳолият зиёни калон мебинанд. Мақомоти ноҳияи Ашт рӯзи 1-уми июн дар як баёнияи расмие, […]

Ҳалимҷон Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳукумати Ашт зарари расида аз жолаву борони шадид ва селфароии рӯзи 30-юми май дар ин ноҳияро беш аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Ашт яке аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ дар шимолии Тоҷикистон аст, ки ҳамасола аз боришоту селфароӣ аҳолият зиёни калон мебинанд.

Мақомоти ноҳияи Ашт рӯзи 1-уми июн дар як баёнияи расмие, эълон карданд, ки жолаву борони сахт ва сели зуҳри 30-уми май асосан ба роҳу пулҳои ҳудуди деҳаҳои Ашт ва Пунук зиён расонидааст. Дар пайи омадани сел дар ин ду деҳа ба иттилои мақомот 20 пул ва роҳҳои марказӣ валангор шуда, ба маблағи 1 млн 109 ҳазору 500 сомонӣ хисороти молӣ расидааст.

Мирзоҳамид Латипов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт, рӯзи 31-уми май  ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ба ҳисоби пешакии онҳо беш аз 8 километр роҳ қисман, 7 пул пурра ва боқимонда қисман вайрон шудаанд. Ӯ гуфта буд, дар натиҷаи фаромадани сел ба 32 ҳавлиии сокинони маҳаллаҳои Ашти Боло ва Ашти Поёни ҷамоати Ашт сел даромада, ҳавлиҳоро аз лойоба пур кардааст, вале ба бинои хонаҳо зиён нарасонидааст. Сел ҳамчунин деворҳои ҳавлиҳои чанд скоинро ҳам тахриб кардааст.      

Ҳукумати Ашт мегӯяд, ҳоло бартарафсозии оқибати сел дар ноҳия идома дорад.

Ашт яке аз ноҳияи осебпазир дар баробари борону селфароӣ дар шимолии Тоҷикистон аст, ки ҳамасола аз офатҳои табиӣ мардумонаш хисороти калон мебинанд ва ранҷи паёмади онро моҳҳо мечашанд. Аммо ин даъфат мақомот мегӯяд, бо ҷанлби техникаҳо алакай ба корҳои барқароркунӣ ва кушодани роҳҳои мошингузар дар ҷамоатҳои аз сел зарардида даст ба кор шудаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.