Сӯхтори нимашабӣ дар бозори “Фаровон”-и Бохтар. 12 нафар захмӣ, ҳолати яке вазнин

Шаби 1-ум ба 2-юми июн дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон оташ гирифт. Хабарнигори "Азия-Плюс", ки баъди сар задани оташ дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, хабар медиҳад, ки аз рӯйи мушоҳидаҳо наздики 50% бозор оташ гирифт. Бино ба иттилои аз қисми навбатдории Раёсати оташнишонии РВКД дар вилояти Хатлон соати 22:20 1-уми июни соли […]

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Шаби 1-ум ба 2-юми июн дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон оташ гирифт. Хабарнигори "Азия-Плюс", ки баъди сар задани оташ дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, хабар медиҳад, ки аз рӯйи мушоҳидаҳо наздики 50% бозор оташ гирифт.

Бино ба иттилои аз қисми навбатдории Раёсати оташнишонии РВКД дар вилояти Хатлон соати 22:20 1-уми июни соли 2022 аз сӯхтор хабар расидааст.

Дар натиҷаи ин сӯхтор 12 нафар аз ҳисоби оташнишонон ва шаҳрвандони мулкӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд, ки вазъи яке аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Як манбаъ дар Паёсати тандурустии вилояти Хатлон аз ин нафар соҳибкори 52-сола Сафаров Маҳмад ном бурд, ки дар бемористони Қарияи Болои Бохтар бистарӣ шудааст, ки гуфта мешавад наздик ба 90 дар сад сӯхтааст. 

Бино ба ҳисоби пешаки ба беш аз 20 соҳибкори зарари бузург расидааст. 

Аксҳои замони сӯхтор, нимашаби 1 ба 2-юми июн.

Раёсати оташнишонии РВКД мегӯяд, ки баъди сар задани сӯхтор ҷойи ҳодиса ҳодиса беш аз 20 мошини оташнишониро сафарбар кард, ки барои нишондани оташ соатҳо талош кардаанд.

Бино ба мушоҳидаҳои хабарнигори "Азия-Плюс" соҳибкорони бозор шабона хеле талош карданд, ки молу колои худро наҷот диҳанд, аммо дар қисмате, ки оташ ҳамаҷоро фаро гирифта буд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба соҳибкорон ба хотири бехтариашон иҷозаи вуруд надоданд.

Аксҳои субҳи 2-юми июн, пас за хомӯш кардани сӯхтор.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.