Амрико аз ҳамназарияш бо як раванди ҳамаҷонибаи сиёсӣ бо Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон хабар дод

Томас Вест, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон пас аз сафараш ба Тоҷикистон навишт, ки кишвараш дар робита ба оғози як раванди сиёсии ҳамаҷониба дар Афғонистон, бо Тоҷикистон ҳамназар аст. Дар ин бора Вэст дар саҳфаи Твиттараш хабар дод. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 2 июн дар Твиттери худ дар робита ба сафараш ба Тоҷикистон навиштааст, ки бо […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plius

Томас Вест, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон пас аз сафараш ба Тоҷикистон навишт, ки кишвараш дар робита ба оғози як раванди сиёсии ҳамаҷониба дар Афғонистон, бо Тоҷикистон ҳамназар аст. Дар ин бора Вэст дар саҳфаи Твиттараш хабар дод.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, 2 июн дар Твиттери худ дар робита ба сафараш ба Тоҷикистон навиштааст, ки бо Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин, ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Томас Вест афзудааст: "Амрико ба дархости Тоҷикистон барои оғози як тарҳи сиёсии мусолиматомез, ки дар он ҳамаи тарафҳои Афғонистон иштирок дошта бошанд, шарик аст". 

Ӯ ҳамчунон ҳушдор додааст, ки дар ғайри ин сурат бояд нигарони ин буд, ки ба самти бесуботии бештаре пеш хоҳем рафт.

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон афзудааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба машварат ва ҳамкории наздик бо Тоҷикистон дар бораи ояндаи Афғонистон идома медиҳад.

Ӯ навиштааст, ки "Тоҷикистон бо Афғонистон марзӣ тӯлонӣ ва кӯҳистонӣ дошта аз таҳдидҳои амниятӣ нигаронии асоснок дорад. ИМА аз назорат ва мудирияти қавӣ ва тавонмандии марзҳо ҳимоят мекунад".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.