Аз оғози ҳамла ба Укроин то кунун 32 рӯзноманигор фавтидааст

Аз оғози ҳамлаи артиши Русия 32 рӯзноманигор дар Укроин фавтидааст. Дар ин бора рӯзи душанбе вазири фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина Александр Ткаченко хабар дод. Дар Укроин рӯзи 6 июн ҳамчун Рӯзи рӯзноманигор таҷлил мешавад. Вазир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, рӯзноманигороне, ки дар шароити ҷангӣ фаъолият доранд, гӯиё "дар сафи аввали фронти иттилоотӣ меҷанганд". "Дар чаҳор моҳи […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Аз оғози ҳамлаи артиши Русия 32 рӯзноманигор дар Укроин фавтидааст. Дар ин бора рӯзи душанбе вазири фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина Александр Ткаченко хабар дод.

Дар Укроин рӯзи 6 июн ҳамчун Рӯзи рӯзноманигор таҷлил мешавад. Вазир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, рӯзноманигороне, ки дар шароити ҷангӣ фаъолият доранд, гӯиё "дар сафи аввали фронти иттилоотӣ меҷанганд".

"Дар чаҳор моҳи ҷанги фарогир мо 32 ҳамкасбро аз даст додем, дар ҳашт сол теъдоди аз ин бештарро. Шумо қаҳрамонед, Нақши шумо, ҷасорати шумо ва садоқати шумо ба коратон ба таври бояду шояд баҳо дода нашудааст", – навишт Ткаченко.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз", ки қурбониён ва захмиҳо миёни хабарнигоронро сабт мекунад, ба Додгоҳи ҷиноии байналхалқӣ чанд шикоят бурдааст. Ин созмон талаб дорад, ки қатли рӯзноманигорон дар ҷанги Русия зидди Укроин ҳамчун ҷинояти ҷангӣ баҳо дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.