Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон

Як шаҳрванди Тоҷикистон мехост, ки пули нақд бо долларро бидуни эъломия аз Қазоқистон берун барад. Ин мард ба Ӯзбекистон раҳсипор буд. Рӯзи 6 июн дар гузаргоҳи гумрукии “Жибек Жоли”-и вилояти Туркистони Қазоқистон ҳангоми азназаргузарони бағочи дастӣ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон раҳсипор буд, боздошт шуд, хабар медиҳад nur.kz. Ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи дастии мард ба […]

Asia-Plus

Як шаҳрванди Тоҷикистон мехост, ки пули нақд бо долларро бидуни эъломия аз Қазоқистон берун барад. Ин мард ба Ӯзбекистон раҳсипор буд.

Рӯзи 6 июн дар гузаргоҳи гумрукии “Жибек Жоли”-и вилояти Туркистони Қазоқистон ҳангоми азназаргузарони бағочи дастӣ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон раҳсипор буд, боздошт шуд, хабар медиҳад nur.kz.

Ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи дастии мард ба маблағи 19,5 ҳазор доллар пули нақди бидуни эъломия дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Аз марди боздоштшуда ном бурда намешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи март президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев “Дар бораи таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Қазоқистон” амр ба имзо расонид, ки мувофиқи он ба берун аз хориҷи кишвар баровардани асъори хориҷии нақд ва сабикаҳои тиллоӣ маҳдудият ҷорӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.