Ба ҳукми Иззат Амон боз 6 соли дигар илова шуд

Иззат Амон бо иттиҳоми "қаллобӣ" 6 соли дигар зиндон шуд. Ҳукм рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълон шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст. Пештар ӯро бо ҳамин гуноҳ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум карда буданд. Гуфта мешавад, ки мурофиа рӯзи душанбе бо ҳузури вакили […]

Радиои Озодӣ

Иззат Амон бо иттиҳоми "қаллобӣ" 6 соли дигар зиндон шуд. Ҳукм рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълон шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Пештар ӯро бо ҳамин гуноҳ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.

Гуфта мешавад, ки мурофиа рӯзи душанбе бо ҳузури вакили мудофеъ, пайвандон ва даъвогарон гузаштааст.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки омода буданд, пули даъвогаронро дар ҳузури додрасу додситонӣ пардозанд, “вале бе ягон пурсишу посух ҳукмро хонданду рафтанд.”

Яке аз даъвогарон ҳам ба ин расона гуфтааст, онҳоро наздикони Иззат Амон ба мурофиа хоста буданд, то биоянду пулҳои худро бигиранд.

 “Додрас назари моро напурсид ва ҳукмро эълон кард. Машварат карда будем, ки дар толори додгоҳ маблағамонро мегирем," – афзудааст даъвогар ба Радиои Озодӣ.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошт.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт, ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.