“Толибон” бародару бародарзодаи раиси пешини Шӯрои уламои Афғонистонро сар буридаву тирборон кардаанд

"Толибон" бародар ва бародарзодаи раиси собиқи Шӯрои уламои Афғонистон Мавлавӣ Ҳисомуддин Ҳисомро сар бурида тирборон кардаанд. Дар ин бора худи Ҳисомуддин Ҳисом ба "Афғонистон интернейшнл" суҳбат кардааст. Ба гуфтаи Ҳисом бародараш, ки захмӣ шудааст, асир карда ва сар буридаанд. Раиси пешини Шӯрои уламои Афғонистон ҳамчунин иддао кардааст, ки бародарзодашро Толибон зинда ба зинда тирборон кардаанд. Бародару […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

"Толибон" бародар ва бародарзодаи раиси собиқи Шӯрои уламои Афғонистон Мавлавӣ Ҳисомуддин Ҳисомро сар бурида тирборон кардаанд. Дар ин бора худи Ҳисомуддин Ҳисом ба "Афғонистон интернейшнл" суҳбат кардааст.

Ба гуфтаи Ҳисом бародараш, ки захмӣ шудааст, асир карда ва сар буридаанд. Раиси пешини Шӯрои уламои Афғонистон ҳамчунин иддао кардааст, ки бародарзодашро Толибон зинда ба зинда тирборон кардаанд.

Бародару бародарзодаи Мавлавӣ Ҳисом узви Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон будаанд. Ин ҷабҳа бо раҳбарии Аҳмади Масъуд дар муқобили "Толибон" меҷангад.

Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон рӯзи якшанбе эълон кард, ки толибон дар вулусволии Бозораки Панҷшер се тан аз асирони ҷангии ин ҷабҳаро сар буридаанд. Масъулони ҷабҳа гуфтанд, ки ҷангиёни толибон ин се нафарро аввал дастҳояшон баста баъда сар буридаанд. 

Ин ҷабҳа Толибонро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунад.

Пас аз зиёд шудани даргириҳо миёни неруҳои Ҷабаҳи муқовимат ва толибон, мардуми маҳалии Панҷшер гуфтаанд, ки "Толибон" ғайринизомиёнро боздошт ва шиканҷа мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.