Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 1-ум дарс аз 1 август оғоз мешавад

Дар Тоҷикистон аз 1 август дар мактабҳо дарси мутобиқсозӣ барои хонандагони синфҳои 1-ум оғоз мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, давраи машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб то 20 август идома ёфта, дарсҳои пурра аз 1 сентябр оғоз мешаванд. Дар Вазорати маориф, ҳамчунин афзуданд, ки "машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб  барои хонандагони […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 1 август дар мактабҳо дарси мутобиқсозӣ барои хонандагони синфҳои 1-ум оғоз мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, давраи машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб то 20 август идома ёфта, дарсҳои пурра аз 1 сентябр оғоз мешаванд.

Дар Вазорати маориф, ҳамчунин афзуданд, ки "машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб  барои хонандагони синфи якум ҳамасола баргузор мешаванд."

«Дар чунин дарсҳо хонандагони синфҳои 1-ро ба режими мактаб омода мекунанд, бо онҳо сӯҳбат гузаронида, тавассути бозиҳо маълум мекунанд, ки вақти онҳо дар мактаб чӣ гуна мегузарад ва дар машғулиятҳои дигар усулҳои мутобиқсозии кӯдаконро истифода мебаранд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф афзуд, ки дарси мутобиқшавӣ барои хонандагони синфҳои якум дар муассисаҳои таълимии буҷетӣ ҳатмӣ буда, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ бо дархости волидон ва омӯзгорон гузаронида мешавад.

Барои хонандагони синфи якум кадом ҳуҷҷатҳоро ҷамъ кардан лозим аст?

Вазорати маориф ва илм ҳамчунин хабар дод, ки қабули хонандагони синфҳои 1 барои соли таҳсили 2022-2023 аз 1 июл оғоз мешавад.

Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

– варақаи шахсии хонанда;

– ду дона расми се ба чор;

– аризаи волидайн оид ба қабул;

– шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;

– ҳуҷҷати тиббӣ;

– ду нусхагӣ шиносномаи волидайн;

– шаҳодатномаи ақди никоҳ;

– маълумотнома аз ҷой зист.

Дар ҳолати пайдо гардидани суол, волидони хонандагони синяҳои 1 метавонанд ба рақами 2 21 30 92 занг зананд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.