Домоде, ки дар Ӯзбекистон дар тӯй ба сари арӯс мушт бардошта буд, ҷазо мегирад

Ба домоде, ки дар вақти тӯй ба пушти гардани арӯс зарба зада буд, мутобиқи моддаи 183 (Майдаавбошӣ”)-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ӯзбекистон ҷазо таъин карда мешавад. Тавре ки хабаргузории Фергана бо истинод ба Прокуратураи генералии ин кишвар хабар медиҳад, дар ин моддаи Кодекс аз 3 то 5 нишондиҳандаи барои ҳисоб ( 1 нишондиҳанда 300 ҳазор сӯм […]

Ба домоде, ки дар вақти тӯй ба пушти гардани арӯс зарба зада буд, мутобиқи моддаи 183 (Майдаавбошӣ”)-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ӯзбекистон ҷазо таъин карда мешавад.

Тавре ки хабаргузории Фергана бо истинод ба Прокуратураи генералии ин кишвар хабар медиҳад, дар ин моддаи Кодекс аз 3 то 5 нишондиҳандаи барои ҳисоб ( 1 нишондиҳанда 300 ҳазор сӯм ё 27 доллар) ҷарима ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ин ҳодиса дар як тӯй рӯзи 6 июн дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё рух дода, пас аз нашри навори видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёде ба бор овард.

Баррасии ин воқеъа ба берун аз ҳудуди Ӯзбекистон роҳ ёфта, аз ҷумла он мавриди таваҷҷуҳи маҷалллаи маъруфи Bild-и Олмон қарор гирифт.

“Барои бархе ин рӯзи хушбахтӣ ва оғози ҳаёти оилавӣ аст. Лекин барои аксарияти занони ҷаҳон ин танҳо ҳушдори оғози сафар ба дӯзахи ҳаёти оилавист”, – навиштааст ин нашрия рӯзи 14 июн дар робита ба ин ҳодиса.

Пештар хабар дода будем, ки ин ҳодиса ду сол пеш рух дода, пас аз ин кор волидони арӯс духтарашонро ҳамон лаҳза аз тӯй мегиранд ва маросими издивоҷро бекор мекунанд. Инчунин зикр шуда буд, ки ҳозир ҳар ду қаҳрамонони навор бо оилаҳои нави худ зиндагӣ доранд.

Лекин аксҳои аз ҷониби хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ нашршуда маълумотҳои дар ВАО нашршударо дар бораи аз ҳам ҷудо шудани навхонадорон рад мекунанд. Бо навхонадорон ва волидонашон суҳбатҳо гузаронида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.