Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 8 июл боқӣ мемонад

Рӯзҳои 6 то 8 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 6 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои […]

Рӯзҳои 6 то 8 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 6 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои шаҳри Душанберо тадриҷан чангу ғубор фаро гирифт ва обуҳавошиносон пешгӯӣ карда буданд, ки он то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад.

Ҳарорат давоми ин рӯзҳо дар кишвар дар сатҳи 36-38 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бе осеб ба саломатӣ гузаронидани ин рӯзҳои пурчангу ғубор чунин тавсияҳо медиҳад:

– Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;

– Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

– То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред;

– Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон дар ин гуна рӯзҳои пурчанг тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.