“Сомон Эйр” парвозҳоро бозмедорад. Ҳавопаймо намерасад?

Дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба таъхир афтодани вақти парвози ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург – Душанберо рӯзи 4 июл соати 14:00 ба “сабаби корӣ” рабт доданд. Рӯзи 4 июл парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург – Душанбе дар фурудгоҳи Колтсово ба таъхир афтод. Дар ширкати ҳавопаймоӣ инро “сабаби корӣ” шарҳ доданд. “Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург – […]

Дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба таъхир афтодани вақти парвози ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург – Душанберо рӯзи 4 июл соати 14:00 ба “сабаби корӣ” рабт доданд.

Рӯзи 4 июл парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург – Душанбе дар фурудгоҳи Колтсово ба таъхир афтод. Дар ширкати ҳавопаймоӣ инро “сабаби корӣ” шарҳ доданд.

“Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург – Душанбе рӯзи 4 июл бо тағйирот дар ҷадвали парвозҳо бо сабабҳои кории марбут ба интиқоли зойирин анҷом дода шуд. Ҳавопаймо соати 17:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ парвоз кард”, – хабар доданд аз ширкат.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати “Сомон Эйр” барои аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ интиқол додани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати адои маросими ҳаҷ бояд 23 парвоз анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол, ширкат ҳамагӣ 4 ҳавопаймо дар ихтиёр дорад, ки парвоз иҷро мекунанд. Ширкат ба 24 самт, аз ҷумла шаҳрҳои Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳад.

Дар робита ба камбуди ҳавопаймоҳо дар “Сомон Эйр”, “Азия-Плюс” аз ширкат дархост намуд, ки ба саволҳои зерин посух бигӯяд:

“Бигӯед, чаро шумо бо зиён ба мусофироне, ки ба дигар самтҳо сафар мекунанд, ба Макка парвозҳо анҷом медиҳед?”

“Сомон Эйр” ҷиҳати иҷрои парвозҳо барои зойирини Доғистон уҳдадор шуд. Чаро шумо ба иҷрои ин кор уҳдадор шудед, дар ҳоле ки шумори ҳавопаймоҳоятон хеле каманд?”

“Бо чор ҳавопаймо ширкат дар як рӯз чанд парвозҳо анҷом медиҳад?”

“Имрӯз барои ширкат чанд ҳавопаймо намерасад?”

Умедворем, ки дар фурсатҳои наздик посух дармеёбем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.