Толибон содироти молро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тариқи Ӯзбекистон роҳандозӣ карданианд

Толибон ва Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши гардиши дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути қаламравҳои ду кишвар пешниҳодҳои муштарак омода кунанд. Ба иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, чунин тавофуқ рӯзи 4 июл дар мулоқоти муовини нахуствазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, Сардор Умурзоқов ва ҳайате аз Афғонистон […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Толибон ва Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши гардиши дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути қаламравҳои ду кишвар пешниҳодҳои муштарак омода кунанд.

Ба иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, чунин тавофуқ рӯзи 4 июл дар мулоқоти муовини нахуствазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, Сардор Умурзоқов ва ҳайате аз Афғонистон таҳти раёсати Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон ҳосил шуд.

Иштироккунандагони ин нишаст ба вижа тадбирҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани фароафғонии «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар»-ро баррасӣ карданд.

Ҷиҳатҳои амалии ташкили тадқиқоти саҳроӣ дар хатсайри роҳи оҳан нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Тулӯънюз, утоқи зиёрат ва молдории Афғонистон гуфтааст, ки Афғонистон аз тариқи Ӯзбакистон метавонад маҳсулоти содиротиашро ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна ба вижа Қазоқистон содир намояд.

Бо такя ба омори утоқи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон, мизони додугирифти Афғонистон бо Ӯзбекистон наздик ба панҷсад миллион доллар мерасад, ки аз ин миён Кобул ба Тошканд солона ба арзиши бист миллион доллар меваи тоза, меваи хушк, сабзӣ ва қолин мефиристад.

Гуфта мешавад, дар ҳайати Афғонистон беш аз 50 тоҷир низ ҳузур доштанд ва интизор меравад, ки дар бораи фароҳамсозии шароити бештар ба тоҷирон бо мақомҳои ӯзбек гуфтугӯ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки як ҳайати муштарак аз ҳукумати Толибон сектори хусусии таҳти раёсати Нуридддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон барои гуфтугӯ ва тақвияти тиҷорат, транзит ва ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон, субҳи 2 июл вориди Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон шуда буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.