Имкони гуфтушуниди қарибулвуқӯъи Аҳмад Масъуд бо Толибон дар Душанбе

Тавре ки “Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ният дорад, ки дар Душанбе бо толибон конфронс баргузор кунад. Рӯзи баргузории конфронс ҳоло маълум нест, вале даъвати намояндагони аҳзоби сиёсӣ, зиёиён, ходимони ҷамъиятӣ ва дигарон, ба сурати умум боз 50 нафари дигар низ ба кори он дар назар аст. “Ҳадафи […]

Тавре ки “Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ният дорад, ки дар Душанбе бо толибон конфронс баргузор кунад. Рӯзи баргузории конфронс ҳоло маълум нест, вале даъвати намояндагони аҳзоби сиёсӣ, зиёиён, ходимони ҷамъиятӣ ва дигарон, ба сурати умум боз 50 нафари дигар низ ба кори он дар назар аст.

“Ҳадафи конфронс ҷустуҷӯи роҳҳалли сиёсӣ барои буҳрон ва ҳам эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон аст”, – менависад Sputnik бо такя ба манбаи худ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.

Барои тасдиқи дурустии ин маълумот хабаргузории “Азия-Плюс” ба сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар он ҷо ба мо гуфтанд, ки сафорат чунин маълумот дар даст надорад, зеро на намояндагони Ҷабҳаи миллӣ ва на мақомоти расмӣ дар ин бора ба онҳо хабар надодаанд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки ин маълумотро тасдиқ ҳам карда наметавонанду инкор низ, зеро “дар ҳар ду ҳолат ҳам ин иштибоҳ хоҳад буд”. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала дар Вазорат худдорӣ намуданд.

Душанбе кайҳост, ки ба сифати як макони мулоқоти тарафҳои даргири Афғонистон барои оштӣ додани онҳо дониста мешавад. Бори нахуст ин масъала моҳи сентябри соли гузашта миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Имрон Хон матраҳ шуда буд. Ҳарду кишвар ба мувофиқа расида буданд, ки ба музокироти Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар Душанбе мусоидат хоҳанд кард, аммо то имрӯз ин мулоқот сурат нагирифтааст. Ба ҳар ҳол, дар Душанбе.

Лекин вохӯрӣ моҳи январи соли равон дар Эрон баргузор шуд. Дар он толибонро вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттақӣ ва ҷониби Ҷабҳаро пешвои он Аҳмад Масъуд ва фармондеҳи неруҳои мардумии вилояти Ҳирот Муҳаммад Исмоилхон, ки бо номи “Шери Ҳирот” низ машҳур аст, намояндагӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Муттақӣ гуфт, онҳо ба неруҳои мардумӣ итминон додаанд, ки “метавонанд ба Афғонистон баргашта, осоишта ҳаёт ба сар баранд”.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин вохӯриро ба ҳеҷ гунае шарҳ надода, лекин аз замони таъсиси худ тобистони соли гузашта аъзои ҷабҳа толибонро ба ташкили як ҳукумати фарогири иборат аз ҳамаи гуруҳҳои этникиву сиёсӣ, инчунин риояи ҳуқуқи одамон, аз ҷумла занони Афғонистон даъват мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати толибон моҳи сентябри соли гузашта таъсис дода шуда, асосан аз аъзои ҳаракати тундгаро ва паштунҳои этникӣ иборат аст.

Чунин сохтори ҳукумати толибонро на танҳо Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ, балки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ва ҳатто давлатҳое, ки аз рӯзҳои аввали сари ҳокимият омадани толибон ҳамкориро бо онҳо оғоз намуданд, аз ҷумла Чин ва Русия низ эътироф накардаанд.

Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи вохӯрии Аҳмади Масъуд бо толибон дар Тоҷикистон пас аз сафари президенти Русия ба Душанбе рӯзи 28 июн пайдо шуда, тибқи баъзе маълумот Владимир Путин дар ин ҷо бо Масъуд гуфтушунид ва бо назари ӯ дар бораи вазъи Афғонистон шинос шудааст.

Аҳмад Масъуд писари собиқ фармондеҳи маъруфи тоҷиктабори Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд мебошад. Баъди тасарруфи Кобул аз ҷониби толибон Масъуди хурдӣ Ҷабҳаи муқовимати миллиро, ки ба муқовимати мусаллаҳона бо толибон пардохт, ба роҳбарӣ гирифт.

Аввали моҳи сентябр ба толибон муяссар шуд, ки гуруҳҳои Ҷабҳаро аз маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Панҷшер берун ронанд, лекин неруҳои мардумӣ ба ҷанги партизанӣ гузаштанд.

Тайи моҳҳои ахир дар бораи задухӯрдҳо миёни ҷангиёни неруҳои ҷабҳа ва толибон дар Панҷшер, ки дар он толибон ба талафоти бузург дучор мешаванд, хабарҳои зиёд нашр мешавад. Худи Толибон ин хабарҳоро рад намуда, изҳор мекунанд, ки вазъият дар Панҷшер осоиштаву амн аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.