“Домод бемории рӯҳӣ дошт”. Сабаби худкушии домоду арӯс дар Вахш маълум шуд

Қурбон Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи ҳодисаи худкушии ду навхонадор дар ин ноҳия, ки моҳи март сурат гирифта буд гуфт, сабаби марги онҳо бемории рӯҳӣ аст. “Дар аввал ҳар гуна овоза ва гапҳо карданд, ки гуё ягон ҳодисае шуда бошад. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ карданд, ки сабаби даст ба худкушӣ […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Қурбон Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи ҳодисаи худкушии ду навхонадор дар ин ноҳия, ки моҳи март сурат гирифта буд гуфт, сабаби марги онҳо бемории рӯҳӣ аст.

“Дар аввал ҳар гуна овоза ва гапҳо карданд, ки гуё ягон ҳодисае шуда бошад. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ карданд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани навхонадорон бемории руҳӣ будааст”,- гуфт раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, додситонии ноҳияи Вахш Салоҳиддин Исмоилзода, ки дар нишасти матбуоти ҳузур дошт, гуфт натиҷаи таҳқиқ нишон дод, ки домод гирифтори бемории рӯҳӣ будааст ва далели ин чанд маротиба дуохонӣ шудани ӯ аст.

Номбурда афзуд, ки додситонӣ вобаста ба ин ҳолат қарори дахлдор қабул кардааст.

“Волидони домод гуфтаанд, ки чанд маротиба дуохонӣ карда будаанд. Шабҳо баромада сари заминҳои пахта мерафтааст. Дар бадани ҳарду марҳум осори марги маҷбуриро наёфтем. Эҳтимол ҳарду маслиҳат карданду даст ба худкушӣ задаанд”- гуфт Исмоилзода.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади  Гулҳавас Шоева ва Шарифбек Зиёевро рӯзи 27 март баъди чанд рӯзи хонадоршавияшон аз оғилхонаашон овехта пайдо карданд.

Мақомот гуфта буданд, ки аз ҷои хоби домоду арӯс номае пайдо кардаанд, ки онро Шарифбек Зиёев навиштаву гуфтааст, ки мо дигар зиндагӣ кардан намехоҳем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.