Мансабдори давлатӣ барои шаҳодатномаи замин 13 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст

Дар шаҳри Ҳисор кормандони Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як мансабдори давлатиро бо талаби 13 ҳазор сомонӣ пора барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин дастгир намуданд. Ба итилои дафтари матбуотии Оҷонсии зиддифасоди кишвар, нисбати Маҳмуд Саидов, мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор бо моддаи 247 қисми 2  (қаллобӣ) парвандаи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар шаҳри Ҳисор кормандони Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як мансабдори давлатиро бо талаби 13 ҳазор сомонӣ пора барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин дастгир намуданд.

Ба итилои дафтари матбуотии Оҷонсии зиддифасоди кишвар, нисбати Маҳмуд Саидов, мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор бо моддаи 247 қисми 2  (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

“Маҳмуд Саидов дар давраи фаъолияти кориаш аз 2 шаҳрванд барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин 13 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 1 ҳазору 2426 сомониашро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст”, – омадааст дар хабарномаи оҷонсӣ.

Дар ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  64 сомонӣ)  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки 28 феврали соли равон дар маҷлиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба сохторҳои масъул дастур дода буд, ки ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд кардани майдони заминҳои кишт ва истифодаи оқилонаи замин, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.