Ҷудокори тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ – қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон

Дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ҷараён дорад. Намояндаи Тоҷикистон – Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66кг соҳиби медали тилло шуд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба итилои манбаъ, Нуралӣ Эмомалӣ дар даври якум бо варзишгари Италия, дар даври дуюм муқобили ҷудокори фаронсавӣ ва дар чорякниҳоӣ рақибаш аз Туркия – Муҳаммад […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ҷараён дорад. Намояндаи Тоҷикистон – Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66кг соҳиби медали тилло шуд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба итилои манбаъ, Нуралӣ Эмомалӣ дар даври якум бо варзишгари Италия, дар даври дуюм муқобили ҷудокори фаронсавӣ ва дар чорякниҳоӣ рақибаш аз Туркия – Муҳаммад Демирелро шикаст дода ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, ки дар даври ниманиҳоӣ Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ карда ӯ ро бо се танбеҳ шикаст додааст.

Дар қувваозмоиии ниҳоӣ Нуралӣ бо ҷудокори Ӯзбекистон, Қаҳрамони феълии Осиё байни ҷавонон – Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ карда, пирӯз гаштааст.

Баробари дарёфти медали тилло, Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар хаҷми 2000 доллар шуд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин нишони тилло аз Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг октябри соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

Зимнан, имрӯз дар вазни -73кг ҷудокори дигари кишвар – Масъуди Аҳмадзод ҳунарнамоӣ мекунад. Оғози рақобатҳо – соати 21:30 бо вақти Душанбе.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.