Ҷабҳа: “40 тан аз толибон ба асорат афтоданд”. Толибон: “беасос аст”

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки даҳҳо нафар аз ҷангҷӯёни Толибонро дар Панҷшер асир гирифтааст. Толибон ин гуфтаҳои ҷабҳаро "беасос" номидаанд, хабар медиҳад centralasian.org. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки дар ҳамла ба пойгоҳҳои Толибон дар саросари Панҷшер дар рӯзи душанбеи 15-уми август 5 нафар аз афроди […]

centralasian.org

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки даҳҳо нафар аз ҷангҷӯёни Толибонро дар Панҷшер асир гирифтааст. Толибон ин гуфтаҳои ҷабҳаро "беасос" номидаанд, хабар медиҳад centralasian.org.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки дар ҳамла ба пойгоҳҳои Толибон дар саросари Панҷшер дар рӯзи душанбеи 15-уми август 5 нафар аз афроди Толибон кушта ва чандин тани онҳо захмӣ шудаанд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи ин ҷабҳа дар "Твиттер" навишт, ки 40 тан аз афроди Толибон дар дараи Орзуи вулусволӣ ё ноҳияи Анобаи вилояти Панҷшер асир шудаанд. Ин ҷабҳа навори кутоҳи видеоие ҳам аз ин асирон нашр кардааст.

Қаблан бархе аз манбаъҳо аз кушта шудани 25 нафар аз афроди гурӯҳи Толибон дар амалиёти рӯзи душанбе дар Панҷшер хабар дода буданд.

Аммо хабаргузории давлатии "Бохтар", ки дар ихтиёри Толибон қарор дорад, ба нақл аз масъулини маҳаллии ин гурӯҳ дар Панҷшер "иддаои асир шудани шуморе аз муҷоҳиддини Имороти Исломиро дар он вилоят рад мекунанд".

Амалиёти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ҳамзамон бо солрӯзи суқути Кобул ба дасти гурӯҳи Толибон сурат гирифтааст.

Ин ҷабҳа гуфтааст, ки шаби шанбе ба якшанбе дар вилоятҳо Кописо ва Парвон низ ба мавзеъҳои Толибон ҳамла кардаанд.

Дар тозатарин таҳаввулот, вебсайти "Ҳашти субҳ" имрӯз, сешанбеи 16-уми август навишт, ки нерӯҳои Толибон дар ноҳияи Ишкамиши вилояти Тахор дар муҳосираи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор гирифтаанд. Талафоти эҳтимолии даргирӣ миёни Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар Тахор ҳанӯз эълон нашудааст.

Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд як сол боз дар дараҳои Панҷшер, қисматҳое аз вилоятҳои Кописо, Бағлон ва Тахор муқобили Толибон меҷангад.

Толибон рӯзи 15-уми августи соли 2021 Афғонистонро тасарруф карданд, вале то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Иҷозаи занону духтарон ба кору таҳсил, ташкили ҳукумати фарогир, пойгоҳ надодан ба террористон аз шартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ аст. Шартҳое, ки бо гузашти як сол Толибон онҳоро зоҳиран напазируфтаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.