45 рӯз дар қудрат. Поёни нахуствазирии Лиз Трасс

Лиз Трасс, нахуствазири Бритониё ва раҳбари Ҳизби муҳофизакор баъд аз як моҳу ду ҳафтаи пирӯзӣ дар интихоботи дохилиҳизбӣ, аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 20 октябр, эълом кард, ки ба далели ин ки дар иҷрои барномаҳояш муваффақ нашудаааст, истеъфои худро ба Чарлз Сум, подшоҳи Бритониё иттилоъ додааст. Ба ин тартиб ӯ, ки 45 рӯз […]

Asia-Plus

Лиз Трасс, нахуствазири Бритониё ва раҳбари Ҳизби муҳофизакор баъд аз як моҳу ду ҳафтаи пирӯзӣ дар интихоботи дохилиҳизбӣ, аз мақомаш истеъфо дод.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, 20 октябр, эълом кард, ки ба далели ин ки дар иҷрои барномаҳояш муваффақ нашудаааст, истеъфои худро ба Чарлз Сум, подшоҳи Бритониё иттилоъ додааст.

Ба ин тартиб ӯ, ки 45 рӯз аз пирӯзиаш дар интихобот мегузарад, дар миёни нахуствазирони таърихи Бритониё кӯтоҳтарин давраи ҳузур дар қудратро дорад.

Ба иттилои расонаҳо Трасс дар як нишасти хабарии кӯтоҳ гуфтааст: "Инро мепазирам, ки дар ин шароит наметавонам ба ифои вазифае бипардозам, ки Ҳизби муҳофизакор барои анҷоми он маро интихоб кард."

Ӯ афзудааст, ки бо мақомҳои ҳизбӣ тавофуқ шудааст, то дар ҷараёни ҳафтаи оянда интихоботи дохилиҳизбии навбатӣ барои интихоби нахуствазири ҷадид баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири пешини ин кишвар Борис Ҷонсон ният дорад, ки барои ба даст овардани курсии ин мансаб номзад шавад, хабар медиҳад The Times.

Ӯро дар ин роҳ як қисме аз намояндаҳои усулгаро (консерватор) ҳимоят мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Ҷонсон 6 сентябри соли ҷорӣ аз вазифаи сардори хукумати Бритониё расман истеъфо дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.