Вуруди мошинҳои мусофирбару боркаш аз Суғд ба Душанбе манъ шуд

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарори хоса вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард. Дар ин бора Ҷамшед Олимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 21-уми октябр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарори хоса вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард. Дар ин бора Ҷамшед Олимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 21-уми октябр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд. Терминали мазкур дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бунёд гардидааст.

Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.

Ин муқаррарот ба мошинҳои калонҳаҷм низ дахл дорад ва минбаъд онҳо низ наметавонанд вориди Душанбе гарданд.

Сабаби иқдоми мазкурро Ҷамшед Олимзода кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе намид.

Тибқи қарори нави раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №52, №19 ва хатсайрҳои автобусии №3, №29 ва №41 аз терминали “Маром” ба терминали “Чорбоғ” иваз карда шудааст.

Дар робита ба ин, шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин, ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш мекунад, ки минбаъд аз хидматрасонии терминали “Чорбоғ” истифода намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.