Аҳтам Назаров: чӣ гуна метавон капитани мунтахаби Тоҷикистон шуд

Қаҳрамони навбатии лоиҳаи "Тоҷикистон, ба пеш!" Аҳтам Назаров – капитани мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол аст. Муҳаббати ӯ ба футбол бо номҳои бузург алоқамандӣ дорад. «Соли 1998, вақте бозии Зинедин Зиданро дар мунтахаби Фаронса дидам, хеле мутаассир шудам. Дигар кумири ман Роналдо буд. Ман ҳамеша дар кӯча футбол бозӣ мекардам ва вақте яке аз мураббиён […]

Қаҳрамони навбатии лоиҳаи "Тоҷикистон, ба пеш!" Аҳтам Назаров – капитани мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол аст.

Муҳаббати ӯ ба футбол бо номҳои бузург алоқамандӣ дорад.

«Соли 1998, вақте бозии Зинедин Зиданро дар мунтахаби Фаронса дидам, хеле мутаассир шудам. Дигар кумири ман Роналдо буд. Ман ҳамеша дар кӯча футбол бозӣ мекардам ва вақте яке аз мураббиён бозии маро дид, пешниҳод кард, ки бо ӯ тамрин кунам», – мегӯяд футболбоз.

Клубҳои зиёдеро иваз кард, аммо, ба гуфтааш, ӯро дастаи “Истиқлол” футболбози ҳақиқӣ кард. Дар ин роҳ ба душвориҳои зиёде дучор шуда, сарбаландона онҳоро бартараф мекард.

«Вақте ки ҷароҳат мегирӣ – масалан, ман ҷароҳати вазнини зону доштам – хеле фикрҳои гуногуне ба сар меояд: оё метавонӣ фаъолиятро идома диҳӣ ва агар на, пас ояндаат чӣ мешавад? Дар чунин лаҳзаҳо ҳолати рӯҳии ту муҳим аст – худро дилпур мекунӣ: ту метавонӣ ин мушкилиро паси сар кунӣ, ҳама чиз мешавад!», – қисса мекунад футболбоз.

Аҳтам боз кадом душвориҳоро аз сар гузаронд, чӣ гуна онҳоро паси сар кард – дар гузориши мо қиссаи ӯро бубинед.

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!

Сарпарасти кулли лоиҳаи “Тоҷикистон ба пеш!” ширкати букмекерии 1XBET мебошад.

Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ то 1430 сомонӣ бонус гиред!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тамокуҳои электронӣ ба ҷои сигораҳои маъмулӣ. Фирор аз як дом ба доми дигар?

Имрӯз дар аксари кишварҳо Рӯзи будини тамоку таҷлил мешавад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.