Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи имтиёз зиёд мешавад

Мақомоти марбутаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ба тавозуни индикативии таҳвили маҳсулоти нафтӣ дар соли 2023 тағйирот ворид намуда, ҳаҷми он зиёд мешавад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон. Санад аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифаи Худобахш ва муовини аввали вазири энергетикаи Русия Павел Сорокин дар Маскав […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти марбутаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ба тавозуни индикативии таҳвили маҳсулоти нафтӣ дар соли 2023 тағйирот ворид намуда, ҳаҷми он зиёд мешавад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Санад аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифаи Худобахш ва муовини аввали вазири энергетикаи Русия Павел Сорокин дар Маскав ба имзо расид.

“Мувофиқи ин санад, ҳаҷми умумии тавзуни индикативӣ, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба бозори Тоҷикистон дар муқоиса бо соли ҷорӣ зиёд мешавад”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорати энергетика.

Дар хабар доир ба чӣ миқдор зиёд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ тариқи имтиёз аз Русия дар соли оянда саҳеҳ маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад. Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.

Ҳаҷми мувофиқашуда барои соли 2022 мисли пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Тоҷикистон аз Русия тариқи имтиёз 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ гирифта метавонад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад.

Ширкати асосии воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” мебошад, ки ҳудуди нисфи ҳаҷми умумии воридоти сӯзишворӣ ба ин ширкат рост меояд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 486 млн доллар ҳудуди 560 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда аз рӯи вазн 24% ва аз лиҳози арзиш – 70% зиёд аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.