Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ зиёда аз 100 млн доллар даромад гирифт

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 101 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (91,3 млн доллар) 10,7% зиёдтар аст. Даромад аз ҳисоби содироти неруи барқ дар моҳи октябри соли равон дар муқоиса бо моҳи гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 101 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (91,3 млн доллар) 10,7% зиёдтар аст.

Даромад аз ҳисоби содироти неруи барқ дар моҳи октябри соли равон дар муқоиса бо моҳи гузашта 13 баробар – аз 17,1 млн то 1,3 млн доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,7%-ро ташкил додааст.

Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки DABS аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти Тоҷикитсон аз аввали даҳаи охири моҳи сентябр ба маҳдудияти интиқоли неруи барқ дучор мешаванд.

Нимаи моҳи октябр ШСХК “Барқи тоҷик” дар муроҷиати худ ба истеъмолгарон маҳдудияти истифодаи барқро камбуди захираҳои об дар робита ба камобӣ, инчунин баргузории корҳои таъмиру навсозӣ маънидод кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...