Суди Душанбе ҳукми Завқибек Саидаминиро бетағйир гузошт. Наздиконаш мегӯянд, саломатиаш хуб нест

Asia-Plus

Наздикони Завқибек Саидаминӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик аз бетағйир гузоштани ҳукми 7 сол зиндони рӯзноманигор аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар дода, аз вазъи саломатии ӯ нигаронӣ кардаанд.

Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” навишт, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми ноябр соли равон ҳукми 7 соли зиндони бародарашро бетағйир гузошт ва ӯ аллакай, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4 ё зиндони маъруф ба “Якум советский”-и пойтахт интиқол дода шудааст.

Ӯ гуфтааст, Завқибек Саидаминӣ “ният дорад ба тамоми зинаҳои судӣ шикоят бурда, бегуноҳияшро исбот кунад”.

Қаблан Завқибек Саидаминӣ бо ирсоли як ариза аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хоста буд, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.

Ӯ афзуда буд, ки аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нисбаташ 7 соли зиндонро татбиқ кард, розӣ нест, “тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд, додрас далелҳои пешниҳодкарда ва нишондоди бархе шоҳидонро ба назар нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт” ва инчунин, санаи боздошташ ба санае, ки дар ҳукми суд омадааст мутобиқат намекунад.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом ва "Гурӯҳи 24" гунаҳкор дониста шуд.

Сино Саидаминӣ дар идомаи навиштааш нигаронӣ кардааст,  ки вазъи саломатии бародараш хуб нест ва дар асоси тавсияи табибон ӯ набояд 2 соат дар як ҳолат истад.

Номбурда гуфтааст,  бародараш “соли 2008-ум дар Русия аз боми як хонаи дуошёна афтида буду сутунмуҳрааш лат хурда буд”.

“Ин лаҳзаҳо бародарам аз дарди сутунмуҳра ва асаб ранҷ мекашаду тамоми шабу рӯз қариб бехобӣ мекашад. Миёну пойҳояш сахт дард мекунанд. Акнун чанд рӯз пеш бародарамро аз СИЗО ба зиндони "Якум Советский” бурданд. Дар ҳақи бародари ятимпарварам бо дуо бошед, ки Аллоҳ шифои комилу оҷилаш бидиҳад ва ҳарчи зудтар озодаш кунад”, – навиштааст Сино Саидаминӣ.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон гардид. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар додгоҳ идома дорад.

Аз ин пештар, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошта буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...