Медали тиллои гуштингири ҷавони тоҷик дар Боку

Гуштингири ҷавон ва умедбахши тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” миёни наврасони то 17-сола сазовори медали тилло шуд. Бино ба иттилоои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 16 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуруъ шуд, ки то 19 декабр идома меёбад. Гуфта мешавад, Муҳаммадамин дар вазни […]

Asia-Plus

Гуштингири ҷавон ва умедбахши тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” миёни наврасони то 17-сола сазовори медали тилло шуд.

Бино ба иттилоои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 16 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуруъ шуд, ки то 19 декабр идома меёбад.

Гуфта мешавад, Муҳаммадамин дар вазни -80кг-и гуштини тарзи озод бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омада, дар финал варзишгари Қазоқистон Илёс Аманжолро шикаст дод.

Зикр мегардад, ки дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.