“Муҳокимаи яктарафа ва далелҳои ношунида”. Завқибек Саидаминӣ аз болои ҳукми суд шикоят кардааст

Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки аввали моҳи ноябр 7 сол равонаи зиндон шуд, аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд. Ӯ ин аризаро рӯзи 16-уми ноябри соли равон аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) навиштааст ва нусхаи он имрӯз, 24-уми ноябр, ба дасти “Азия- Плюс” расид. Журналист гуфтааст, аз […]

Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки аввали моҳи ноябр 7 сол равонаи зиндон шуд, аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.

Ӯ ин аризаро рӯзи 16-уми ноябри соли равон аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) навиштааст ва нусхаи он имрӯз, 24-уми ноябр, ба дасти “Азия- Плюс” расид.

Журналист гуфтааст, аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нисбаташ 7 соли зиндонро татбиқ кард, розӣ нест ва барои ин чанд асос низ овардааст.

Номбурда афзудааст, “тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд, додрас далелҳои пешниҳодкарда ва нишондоди бархе шоҳидонро ба назар нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт” ва инчунин, санаи боздошташ ба санае, ки дар ҳукми суд омадааст мутобиқат намекунад.

“Ва даҳҳо далелҳои дигар, ки дар рафти мурофиаи кассатсионӣ метавонам онҳоро тасдиқ кунам”, – навиштааст Завқибек Саидаминӣ.

Ин рӯзноманигори зиндонӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки “бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ, омодаи ҳамкорӣ будани ман бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозбинӣ ва бекор карда шавад".

Номбурда илова кардааст, ки тамоми далелҳои айбдоркунанда тахмин ва нусхаи навиштаи муфатиш буд.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом ва "Гурӯҳи 24" гунаҳкор дониста шуд.

Пайвандони Завқибек Саидаминӣ, ки ҳангоми ироаи сухани охири рӯзноманигор ба толори мурофиа иҷозаи вуруд пайдо карданд, дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфта буданд, ки Завқибек Саидаминӣ ҳангоми суханронӣ гуфтааст "худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт".

Онҳо афзуданд, ки Завқибек Саидаминӣ, аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 7,5 соли зиндон норозигӣ кард ва эътироз намуд, ки ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ӯ ба назар гирифта нашуданд.

Ӯ гуфтааст, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонон тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.

Номбурда афзудааст, ки ҳарчанд барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди нишинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои пешгирии ин падидаи номатлуб саҳмгузор бошад.

Ин рӯзноманигори зиндонӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.